---
title: "ترجمة سورة نوح - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/71/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/71/book/1985"
surah_id: "71"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة نوح - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/71/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة نوح - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/71/book/1985*.

Translation of Surah نوح from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 71:1

> إِنَّا أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ أَنْ أَنْذِرْ قَوْمَكَ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ [71:1]

1.Мо, ҳароина, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ба ӯ гуфтем, ки қавми худро пеш аз он ки азоби дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.

### الآية 71:2

> ﻿قَالَ يَا قَوْمِ إِنِّي لَكُمْ نَذِيرٌ مُبِينٌ [71:2]

2.Нӯҳ гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳароина, бимдиҳандаи ошкоро ҳастам шуморо аз азоби Аллоҳ, агар Ӯро нофармонӣ кунед.

### الآية 71:3

> ﻿أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ [71:3]

3.Ва ҳамоно ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯӣ шумо, пас Ӯро ягона бипарастед ва аз азоби Ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед, дар он чизе, ки шуморо амр ё манъ мекунам.

### الآية 71:4

> ﻿يَغْفِرْ لَكُمْ مِنْ ذُنُوبِكُمْ وَيُؤَخِّرْكُمْ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ۚ إِنَّ أَجَلَ اللَّهِ إِذَا جَاءَ لَا يُؤَخَّرُ ۖ لَوْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ [71:4]

4.Аллоҳ гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо дар умратон, то муддати муъайяне, ки дар илми Аллоҳ аст мӯҳлат диҳад, ҳароина, он аҷали Илоҳӣ чун ба сар ояд, дигар таъхир нашавад, агар шумо инро медонистед, ҳамоно ба сӯи имон ва тоъат ҳаракат мекардед».(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/888

### الآية 71:5

> ﻿قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوْتُ قَوْمِي لَيْلًا وَنَهَارًا [71:5]

5\. Гуфт Нӯҳ: «Эй Парвардигори ман, ман ҳароина, қавми худро шабу рӯз ба сӯи Ту даъват кардам.

### الآية 71:6

> ﻿فَلَمْ يَزِدْهُمْ دُعَائِي إِلَّا فِرَارًا [71:6]

6\. Пас даъвати ман онҳоро ба сӯи имон зиёда накард дар онҳо, ҷуз гурехтану нафрат аз имонро.

### الآية 71:7

> ﻿وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوْتُهُمْ لِتَغْفِرَ لَهُمْ جَعَلُوا أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ وَاسْتَغْشَوْا ثِيَابَهُمْ وَأَصَرُّوا وَاسْتَكْبَرُوا اسْتِكْبَارًا [71:7]

7\. Ва албатта, ман, ҳар бор, ки онҳоро ба сӯи Ту даъват кардам, то Ту онҳоро биёмӯрзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд, то даъвати ҳақро нашунаванд ва ҷома дар сар кашиданд, то, ки маро набинанд ва давомат карданд бар куфри худ ва такаббур карданд аз қабули имон, такаббур кардани сахт.

### الآية 71:8

> ﻿ثُمَّ إِنِّي دَعَوْتُهُمْ جِهَارًا [71:8]

8\. Пас, барояшон ошкоро даъват кардам.

### الآية 71:9

> ﻿ثُمَّ إِنِّي أَعْلَنْتُ لَهُمْ وَأَسْرَرْتُ لَهُمْ إِسْرَارًا [71:9]

9\. Боз, ҳароина, дар ҳама ҳол ҳам ба овози баланд ва ҳам бо овози паст барояшон даъват кардам.

### الآية 71:10

> ﻿فَقُلْتُ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ إِنَّهُ كَانَ غَفَّارًا [71:10]

10\. Сипас гуфтам ба қавмам: «Аз Парвардигоратон омӯрзиши гуноҳоятонро кунед ва ба сӯи Ӯ аз куфри худ тавба кунед. Албатта, Ӯ таъоло омӯрзандаи тавбаи бандагонаш аст.

### الآية 71:11

> ﻿يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُمْ مِدْرَارًا [71:11]

11\. Агар тавба карда аз Ӯ омӯрзиш талаб кунед, мефиристад Аллоҳ таъоло бароятон боронҳои резандаро пай дар пай.

### الآية 71:12

> ﻿وَيُمْدِدْكُمْ بِأَمْوَالٍ وَبَنِينَ وَيَجْعَلْ لَكُمْ جَنَّاتٍ وَيَجْعَلْ لَكُمْ أَنْهَارًا [71:12]

12\. Ва молу фарзандонатонро зиёд мекунад ва бароятон бӯстонҳо биёфаринад, то, ки аз меваҳояш фоида баред ва дарёҳо то, ки аз обаш зироъат ва молҳоятонро об бидиҳед.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 23/633

### الآية 71:13

> ﻿مَا لَكُمْ لَا تَرْجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا [71:13]

13\. Шуморо эй қавм чӣ шудааст, ки аз бузургӣ ва азамати Аллоҳ наметарсед.

### الآية 71:14

> ﻿وَقَدْ خَلَقَكُمْ أَطْوَارًا [71:14]

14\. Ва ҳамоно шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, Нутфа баъд аз он хуни лард баста, баъд аз он пораи гӯшт, баъд аз он гӯшт ва устухон. Тафсири Табарӣ 23/635

### الآية 71:15

> ﻿أَلَمْ تَرَوْا كَيْفَ خَلَقَ اللَّهُ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ طِبَاقًا [71:15]

15\. Оё намебинед, ки чӣ гуна Аллоҳ ҳафт осмонро табақа - табақа болои ҳам биёфарид?

### الآية 71:16

> ﻿وَجَعَلَ الْقَمَرَ فِيهِنَّ نُورًا وَجَعَلَ الشَّمْسَ سِرَاجًا [71:16]

16\. Ва моҳро дар ин осмонҳо равшанӣ ва хуршедро барои аҳли замин чароғашон гардонид.

### الآية 71:17

> ﻿وَاللَّهُ أَنْبَتَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ نَبَاتًا [71:17]

17\. Ва Аллоҳ асли шуморо аз замин бирӯёнид.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне: Одам алайҳиссаломро аз хок офарид. Тафсири Бағавӣ 8/231

### الآية 71:18

> ﻿ثُمَّ يُعِيدُكُمْ فِيهَا وَيُخْرِجُكُمْ إِخْرَاجًا [71:18]

18\. Боз шуморо баъд аз маргатон ба он бозмегардонад ва боз рӯзи баъс аз он берун меоварад.

### الآية 71:19

> ﻿وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ بِسَاطًا [71:19]

19\. Ва Аллоҳ заминро чун фарше бароятон сохт,

### الآية 71:20

> ﻿لِتَسْلُكُوا مِنْهَا سُبُلًا فِجَاجًا [71:20]

20\. то бар роҳҳои паҳновари он биравед».

### الآية 71:21

> ﻿قَالَ نُوحٌ رَبِّ إِنَّهُمْ عَصَوْنِي وَاتَّبَعُوا مَنْ لَمْ يَزِدْهُ مَالُهُ وَوَلَدُهُ إِلَّا خَسَارًا [71:21]

21\. Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно қавми ман нофармонии ман карданд
ва бечорагони онҳо пайравӣ карданд пешвоёни гумроҳашонро, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнашон наяфзуд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, дар дунё гумроҳашон карданд ва дар охират азобашон карданд. Тафсири Табарӣ 23/638

### الآية 71:22

> ﻿وَمَكَرُوا مَكْرًا كُبَّارًا [71:22]

22\. Ва макру ҳила карданд сардорони куффор пайравони худро - макри бузурге.

### الآية 71:23

> ﻿وَقَالُوا لَا تَذَرُنَّ آلِهَتَكُمْ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلَا سُوَاعًا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسْرًا [71:23]

23\. Ва гуфтанд: **«Парастиши маъбудони худро, ба ҷои Аллоҳи ягонае, ки Нӯҳ ба сӯи он даъват мекунад, тарк накунед. Ва парастиши Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!(1)»**
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин номи бутҳояшон буд, ки ба ҷои Аллоҳи ягона онҳоро парастиш мекарданд. Дар ҳақиқат номҳои мардони солеҳашон буд, пас ҳар вақте ки ин мардон фавтиданд, шайтон ба қавмҳои онҳо ваҳй кард, ки сурат ва ҳайкалҳои онҳоро бикашанд. Ва ҳар вақте ки ба суратҳо менигаранд, дар тоъат тезӣ мекунанд. Пас чун он қавм фавтиданд ва муддате гузашт ва қавми дигаре ба ҷои онҳо омад, шайтон ба онҳо васваса карда гуфт, ки гузаштагонатон сурат ва ҳайкалҳоро ибодат мекарданд ва бо воситаи онҳо таввасул меҷӯстанд ба даргоҳи Аллоҳ, Тафсири Саъдӣ 1/889. Ин аст ҳикмат аз ҳаром будани ҳайкалҳо ва ҳаром аст биное афрохтан бар болои қабрҳо, зеро бо гузашти замон метавонад ибодатгоҳе шавад барои нодонон.

### الآية 71:24

> ﻿وَقَدْ أَضَلُّوا كَثِيرًا ۖ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا ضَلَالًا [71:24]

24\. Ва ҳамоно он пайравон бисёре аз мардумро бо зиннат додани роҳҳои гуноҳ гумроҳ карданд. Баъд аз он Нӯҳ алайҳиссалом гуфт: Эй Парвардигори мо маяфзой ба он ситамкорони саркаш магар дуриро аз ҳақ!».

### الآية 71:25

> ﻿مِمَّا خَطِيئَاتِهِمْ أُغْرِقُوا فَأُدْخِلُوا نَارًا فَلَمْ يَجِدُوا لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْصَارًا [71:25]

25\. Ба ҷазои гуноҳонашон ба тӯфон ғарқа карда шуданд, пас ба оташи даргирандаву сӯзонанда дохил карда шуданд, пас ба ҷуз Аллоҳ барои худ ёваре наёфтанд, ки аз онҳо азобро дур кунад.

### الآية 71:26

> ﻿وَقَالَ نُوحٌ رَبِّ لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا [71:26]

26\. Ва Нӯҳ алайҳиссалом баъди ноумед шуданаш аз қавмаш гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор, ки ҳаракат кунад.

### الآية 71:27

> ﻿إِنَّكَ إِنْ تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوا إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا [71:27]

27\. Ҳамоно, агар ту онҳоро бигузорию ва ҳалокашон накунӣ, бандагонеро, ки ба Ту аз роҳи ҳақ имон овардаанд, гумроҳ мекунанд ва фарзандоне таваллуд намекунанд, магар фоҷиру кофир.

### الآية 71:28

> ﻿رَبِّ اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِمَنْ دَخَلَ بَيْتِيَ مُؤْمِنًا وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا تَبَارًا [71:28]

28\. Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмӯрз ва ситамкоронро дар дунёву охират ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/71.md)
- [كل تفاسير سورة نوح
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/71.md)
- [ترجمات سورة نوح
](https://quranpedia.net/translations/71.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/71/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
