---
title: "ترجمة سورة المدّثر - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/74/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/74/book/1985"
surah_id: "74"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة المدّثر - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/74/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة المدّثر - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/74/book/1985*.

Translation of Surah المدّثر from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 74:1

> يَا أَيُّهَا الْمُدَّثِّرُ [74:1]

1\. Эй ҷома дар сар кашида,

### الآية 74:2

> ﻿قُمْ فَأَنْذِرْ [74:2]

2\. бархез аз ҷои хобат, пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ!

### الآية 74:3

> ﻿وَرَبَّكَ فَكَبِّرْ [74:3]

3\. Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон!

### الآية 74:4

> ﻿وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ [74:4]

4\. Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, покии зоҳирӣ нишонаи покии ботинӣ аст.

### الآية 74:5

> ﻿وَالرُّجْزَ فَاهْجُرْ [74:5]

5\. Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун!(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/895

### الآية 74:6

> ﻿وَلَا تَمْنُنْ تَسْتَكْثِرُ [74:6]

6\. Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ.

### الآية 74:7

> ﻿وَلِرَبِّكَ فَاصْبِرْ [74:7]

7\. Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош!

### الآية 74:8

> ﻿فَإِذَا نُقِرَ فِي النَّاقُورِ [74:8]

8\. Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад,

### الآية 74:9

> ﻿فَذَٰلِكَ يَوْمَئِذٍ يَوْمٌ عَسِيرٌ [74:9]

9\. пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад
буд.

### الآية 74:10

> ﻿عَلَى الْكَافِرِينَ غَيْرُ يَسِيرٍ [74:10]

10\. Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб.

### الآية 74:11

> ﻿ذَرْنِي وَمَنْ خَلَقْتُ وَحِيدًا [74:11]

11\. Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор.

### الآية 74:12

> ﻿وَجَعَلْتُ لَهُ مَالًا مَمْدُودًا [74:12]

12\. Ва ӯро моли бисёре додам.

### الآية 74:13

> ﻿وَبَنِينَ شُهُودًا [74:13]

13\. Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯ ҳозир.

### الآية 74:14

> ﻿وَمَهَّدْتُ لَهُ تَمْهِيدًا [74:14]

14\. Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.

### الآية 74:15

> ﻿ثُمَّ يَطْمَعُ أَنْ أَزِيدَ [74:15]

15\. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш(1) биафзоям.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, бар замми ин неъматҳо боз ҳам молу фарзандонашро зиёд гардонам. Ва ҳамоно ӯ кофир аст бар Ман.

### الآية 74:16

> ﻿كَلَّا ۖ إِنَّهُ كَانَ لِآيَاتِنَا عَنِيدًا [74:16]

16\. Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст.

### الآية 74:17

> ﻿سَأُرْهِقُهُ صَعُودًا [74:17]

17\. Зуд аст, ки ба сараш машаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин оятҳо дар ҳаққи Валид бинни Муғира нозид шудааст, ки хеле ҳам саркаш ва душмани Аллоҳ ва расулаш буд. (Инчунин ҷазо дода мешавад ҳар як кофири саркашро). Тафсири Саъдӣ 1/896

### الآية 74:18

> ﻿إِنَّهُ فَكَّرَ وَقَدَّرَ [74:18]

18\. Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, чи таънае мезанад дар ҳаққи Қуръон ва Муҳаммад.

### الآية 74:19

> ﻿فَقُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ [74:19]

19.Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид?

### الآية 74:20

> ﻿ثُمَّ قُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ [74:20]

20\. Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид?

### الآية 74:21

> ﻿ثُمَّ نَظَرَ [74:21]

21\. Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон).

### الآية 74:22

> ﻿ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ [74:22]

22\. Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад.

### الآية 74:23

> ﻿ثُمَّ أَدْبَرَ وَاسْتَكْبَرَ [74:23]

23\. Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ.

### الآية 74:24

> ﻿فَقَالَ إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ يُؤْثَرُ [74:24]

**24. Пас гуфт дар бораи Қуръон:**
«Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.

### الآية 74:25

> ﻿إِنْ هَٰذَا إِلَّا قَوْلُ الْبَشَرِ [74:25]

25\. Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст.

### الآية 74:26

> ﻿سَأُصْلِيهِ سَقَرَ [74:26]

26\. Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш.

### الآية 74:27

> ﻿وَمَا أَدْرَاكَ مَا سَقَرُ [74:27]

27\. Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст?

### الآية 74:28

> ﻿لَا تُبْقِي وَلَا تَذَرُ [74:28]

28\. На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад.

### الآية 74:29

> ﻿لَوَّاحَةٌ لِلْبَشَرِ [74:29]

29\. Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст.

### الآية 74:30

> ﻿عَلَيْهَا تِسْعَةَ عَشَرَ [74:30]

30\. Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд.

### الآية 74:31

> ﻿وَمَا جَعَلْنَا أَصْحَابَ النَّارِ إِلَّا مَلَائِكَةً ۙ وَمَا جَعَلْنَا عِدَّتَهُمْ إِلَّا فِتْنَةً لِلَّذِينَ كَفَرُوا لِيَسْتَيْقِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ وَيَزْدَادَ الَّذِينَ آمَنُوا إِيمَانًا ۙ وَلَا يَرْتَابَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ وَالْمُؤْمِنُونَ ۙ وَلِيَقُولَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ وَالْكَافِرُونَ مَاذَا أَرَادَ اللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًا ۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ اللَّهُ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَا يَعْلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَ ۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْبَشَرِ [74:31]

31\. Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд(1) ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд.
Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: **«Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?»** Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд.
Ва шумори лашкари(1) Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест(3).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/24
2\. Аз он ҷумла фариштагонро.
3\. Тафсири Бағавӣ 8/271

### الآية 74:32

> ﻿كَلَّا وَالْقَمَرِ [74:32]

32\. Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд(1), савганд ба моҳ!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, Ба рисолати паёмбар бовар намекунанд.

### الآية 74:33

> ﻿وَاللَّيْلِ إِذْ أَدْبَرَ [74:33]

33\. Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад

### الآية 74:34

> ﻿وَالصُّبْحِ إِذَا أَسْفَرَ [74:34]

34\. Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,

### الآية 74:35

> ﻿إِنَّهَا لَإِحْدَى الْكُبَرِ [74:35]

35\. ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст.

### الآية 74:36

> ﻿نَذِيرًا لِلْبَشَرِ [74:36]

36\. Тарсонандаи одамиён аст.

### الآية 74:37

> ﻿لِمَنْ شَاءَ مِنْكُمْ أَنْ يَتَقَدَّمَ أَوْ يَتَأَخَّرَ [74:37]

37\. Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ.

### الآية 74:38

> ﻿كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ [74:38]

38\. Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад.

### الآية 74:39

> ﻿إِلَّا أَصْحَابَ الْيَمِينِ [74:39]

39\. Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд.

### الآية 74:40

> ﻿فِي جَنَّاتٍ يَتَسَاءَلُونَ [74:40]

40\. Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд,

### الآية 74:41

> ﻿عَنِ الْمُجْرِمِينَ [74:41]

41\. аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд.

### الآية 74:42

> ﻿مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ [74:42]

42\. Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард?

### الآية 74:43

> ﻿قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ [74:43]

43\. Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем

### الآية 74:44

> ﻿وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ [74:44]

44\. ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем

### الآية 74:45

> ﻿وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ [74:45]

45\. ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем

### الآية 74:46

> ﻿وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ [74:46]

46\. ва рӯзи қиёматро дӯруғ
мешуморидем,

### الآية 74:47

> ﻿حَتَّىٰ أَتَانَا الْيَقِينُ [74:47]

47\. то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем"

### الآية 74:48

> ﻿فَمَا تَنْفَعُهُمْ شَفَاعَةُ الشَّافِعِينَ [74:48]

48\. Пас, шафоъати шафоаткунандагон(1) фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Хоҳ фаришта бошад, хоҳ паёмбар ё дигараш.

### الآية 74:49

> ﻿فَمَا لَهُمْ عَنِ التَّذْكِرَةِ مُعْرِضِينَ [74:49]

49\. Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд?

### الآية 74:50

> ﻿كَأَنَّهُمْ حُمُرٌ مُسْتَنْفِرَةٌ [74:50]

50\. Монанди харони ваҳшие, ки рамида

### الآية 74:51

> ﻿فَرَّتْ مِنْ قَسْوَرَةٍ [74:51]

51\. аз шер мегурезанд,

### الآية 74:52

> ﻿بَلْ يُرِيدُ كُلُّ امْرِئٍ مِنْهُمْ أَنْ يُؤْتَىٰ صُحُفًا مُنَشَّرَةً [74:52]

52\. Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ҳамчунон ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шудааст.

### الآية 74:53

> ﻿كَلَّا ۖ بَلْ لَا يَخَافُونَ الْآخِرَةَ [74:53]

53\. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд.

### الآية 74:54

> ﻿كَلَّا إِنَّهُ تَذْكِرَةٌ [74:54]

54\. На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд,

### الآية 74:55

> ﻿فَمَنْ شَاءَ ذَكَرَهُ [74:55]

55\. пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад.

### الآية 74:56

> ﻿وَمَا يَذْكُرُونَ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ ۚ هُوَ أَهْلُ التَّقْوَىٰ وَأَهْلُ الْمَغْفِرَةِ [74:56]

56\. Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. Ва
Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд!

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/74.md)
- [كل تفاسير سورة المدّثر
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/74.md)
- [ترجمات سورة المدّثر
](https://quranpedia.net/translations/74.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/74/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
