---
title: "ترجمة سورة الإنسان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/76/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/76/book/1985"
surah_id: "76"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الإنسان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/76/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الإنسان - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/76/book/1985*.

Translation of Surah الإنسان from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 76:1

> هَلْ أَتَىٰ عَلَى الْإِنْسَانِ حِينٌ مِنَ الدَّهْرِ لَمْ يَكُنْ شَيْئًا مَذْكُورًا [76:1]

1\. Ба ростӣ, ки омадааст бар одамӣ муддате аз замон, ки пеш аз дамидани руҳ дар вуҷудаш чизе қобили зикре набуд?(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин ҳамон замоне аст, ки инсон вуҷуд надоштааст. Тафсири Саъдӣ 1\\900

### الآية 76:2

> ﻿إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ نُطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا [76:2]

2\. Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта(1) офаридем, то ӯро бо вазифаҳои шаръӣ имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем, то бишнавад оятҳоро ва бубинад далелҳоро.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, аз оби мард ва зан.

### الآية 76:3

> ﻿إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا [76:3]

3\. Ҳароина, роҳро(1) ба ӯ нишон додем. Хоҳ мӯъмини шукргузор бошад хоҳ кофири ношукр.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, роҳи ҳақ ва гумроҳиро, роҳи хуб ва бадро. Тафсири Бағавӣ 8/292

### الآية 76:4

> ﻿إِنَّا أَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ سَلَاسِلَ وَأَغْلَالًا وَسَعِيرًا [76:4]

4\. Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳо омода кардем, то пойҳояшонро бубанданд ва тавқҳо муҳайё кардем, то дастҳояшонро бар гарданҳояшон бубанданд ва оташи афрӯхта низ омода кардем.

### الآية 76:5

> ﻿إِنَّ الْأَبْرَارَ يَشْرَبُونَ مِنْ كَأْسٍ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا [76:5]

5\. Ҳароина, некон аҳли тоъат ва ихлос, онҳое ки ҳаққи Аллоҳро адо мекунанд, рӯзи қиёмат аз шаробе менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,

### الآية 76:6

> ﻿عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا عِبَادُ اللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفْجِيرًا [76:6]

6\. Ин шаробе, ки омехта бо кофур аст аз чашмаест, ки бандагони Аллоҳ аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, ба осонӣ равон месозанд.

### الآية 76:7

> ﻿يُوفُونَ بِالنَّذْرِ وَيَخَافُونَ يَوْمًا كَانَ شَرُّهُ مُسْتَطِيرًا [76:7]

7\. Ин бандагони Аллоҳ чун назр кунанд, вафо мекунанд ва аз азоби Аллоҳ дар рӯзи қиёмат, ки зарар ва бадии он ҳама инсонҳоро(1) фаро мегирад, метарсанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Магар бар онҳое, ки Аллоҳ раҳм кардааст.

### الآية 76:8

> ﻿وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا [76:8]

8\. Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир(1) мехӯронанд,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Камбағал, касест, ки бар касб кардан нотавон аст ва ятим касест, ки падараш фавтидаасту мол надорад ва асир касест, ки дар ҷанг ба асорат афтодааст. Тафсири Табарӣ 24/97

### الآية 76:9

> ﻿إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنْكُمْ جَزَاءً وَلَا شُكُورًا [76:9]

9\. Ба забони ҳол мегӯянд ҷуз ин ҳадафи дигаре нест, ки шуморо фақат барои ризогии Аллоҳ таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.

### الآية 76:10

> ﻿إِنَّا نَخَافُ مِنْ رَبِّنَا يَوْمًا عَبُوسًا قَمْطَرِيرًا [76:10]

10\. Бадурустӣ, Мо аз Парвардигори худ, дар рӯзе, ки гунаҳкорон туршрӯй бошанд ва он рӯзи хеле сахт аст, метарсем.

### الآية 76:11

> ﻿فَوَقَاهُمُ اللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ الْيَوْمِ وَلَقَّاهُمْ نَضْرَةً وَسُرُورًا [76:11]

11\. Пас Аллоҳ онҳоро аз сахтии он рӯз нигаҳ дошт ва дар рӯйҳояшон хушҳолию тароват ва дар дилҳояшон шодмонӣ бахшид.

### الآية 76:12

> ﻿وَجَزَاهُمْ بِمَا صَبَرُوا جَنَّةً وَحَرِيرًا [76:12]

12\. Барои сабре, ки дар дунё кардаанд, мукофоти он биҳишти анбарсиришт дод, ки дар он либосҳои абрешимӣ мепӯшанд.

### الآية 76:13

> ﻿مُتَّكِئِينَ فِيهَا عَلَى الْأَرَائِكِ ۖ لَا يَرَوْنَ فِيهَا شَمْسًا وَلَا زَمْهَرِيرًا [76:13]

13\. Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на гармии офтоберо мебинанд ва на хунукии сахтеро.

### الآية 76:14

> ﻿وَدَانِيَةً عَلَيْهِمْ ظِلَالُهَا وَذُلِّلَتْ قُطُوفُهَا تَذْلِيلًا [76:14]

14\. Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, меваҳои ҷаннат ба осони ба даст меоянд.

### الآية 76:15

> ﻿وَيُطَافُ عَلَيْهِمْ بِآنِيَةٍ مِنْ فِضَّةٍ وَأَكْوَابٍ كَانَتْ قَوَارِيرَا [76:15]

15\. Ва ходимон таъомҳоро дар косаҳои нуқрагин ва шаробро дар кӯзаҳо дар миёнашон ба гардиш меоранд.

### الآية 76:16

> ﻿قَوَارِيرَ مِنْ فِضَّةٍ قَدَّرُوهَا تَقْدِيرًا [76:16]

16\. Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андозае пур кардаанд(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, чи қадаре, ки нӯшандаҳо мехоҳанд на зиёд ва на кам.Тафсири Саъдӣ 1/901

### الآية 76:17

> ﻿وَيُسْقَوْنَ فِيهَا كَأْسًا كَانَ مِزَاجُهَا زَنْجَبِيلًا [76:17]

17\. Дар он ҷо некӯкоронро шаробе бинӯшонанд, ки омехта бо занҷабил бошад,

### الآية 76:18

> ﻿عَيْنًا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلْسَبِيلًا [76:18]

18\. аз чашмае, ки онро Салсабил(1) мегӯянд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Нӯшандааш саломат монад ва гуворову пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/901

### الآية 76:19

> ﻿۞ وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَانٌ مُخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيْتَهُمْ حَسِبْتَهُمْ لُؤْلُؤًا مَنْثُورًا [76:19]

19\. Ва ҳамеша ҷавононе ба гирдашон барои хидмат давр мезананд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ, ки аз зебоиашон гӯё марвориди афшондашудаанд.

### الآية 76:20

> ﻿وَإِذَا رَأَيْتَ ثَمَّ رَأَيْتَ نَعِيمًا وَمُلْكًا كَبِيرًا [76:20]

20\. Ва чун онгоҳ ба кадом ҷои ҷаннат бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмати фаровон ва мулки васеъи бузургаст, ки интиҳо надорад.

### الآية 76:21

> ﻿عَالِيَهُمْ ثِيَابُ سُنْدُسٍ خُضْرٌ وَإِسْتَبْرَقٌ ۖ وَحُلُّوا أَسَاوِرَ مِنْ فِضَّةٍ وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا [76:21]

21\. Бар тани биҳиштиён ҷомаҳоест дарунаш аз абрешими тунуки сабз ва берунаш аз абрешими ғафс. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Саъдӣ 1/901

### الآية 76:22

> ﻿إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمْ جَزَاءً وَكَانَ سَعْيُكُمْ مَشْكُورًا [76:22]

22\. Ва гуфта шавад ба онҳо: Ҳароина, ин подоши амалҳои неки шумост ва кӯшишҳое, ки дар дунё кардед, аз назди Аллоҳ сипосгузорӣ шудааст.

### الآية 76:23

> ﻿إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ تَنْزِيلًا [76:23]

23\. Ҳароина, Мо Қуръонро эй Паёмбар бар ту бо тадриҷ(1) нозил кардем, то ки мардумро ба савобу ваъдаҳо ва ба азобу ҳушдорҳои он панд диҳӣ!
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, сура-сура ва оят-оят.

### الآية 76:24

> ﻿فَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ آثِمًا أَوْ كَفُورًا [76:24]

24\. Пас дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ мушрике, ки дар шаҳватҳо ғӯтта задааст ё кофире, ки дар куфру залолат фурӯ рафтааст, итоъат макун!

### الآية 76:25

> ﻿وَاذْكُرِ اسْمَ رَبِّكَ بُكْرَةً وَأَصِيلًا [76:25]

25\. Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон ёд кун.

### الآية 76:26

> ﻿وَمِنَ اللَّيْلِ فَاسْجُدْ لَهُ وَسَبِّحْهُ لَيْلًا طَوِيلًا [76:26]

26\. Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун.

### الآية 76:27

> ﻿إِنَّ هَٰؤُلَاءِ يُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَاءَهُمْ يَوْمًا ثَقِيلًا [76:27]

27\. Ҳароина, инҳо кофирон ва мушрикон ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душвор (қиёмат)-ро пушти сар мепартоянд. (Яъне, барои охират амал намекунанд).(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 24/117

### الآية 76:28

> ﻿نَحْنُ خَلَقْنَاهُمْ وَشَدَدْنَا أَسْرَهُمْ ۖ وَإِذَا شِئْنَا بَدَّلْنَا أَمْثَالَهُمْ تَبْدِيلًا [76:28]

28\. Мо ба қудрати Худ онҳоро (одамиёнро) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро ба василаи рагу пайванд нерӯманду мустаҳкам гардонидем ва агар хоҳем онҳоро ҳалок карда, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем, ки бандаи мутеи Аллоҳ шаванд.

### الآية 76:29

> ﻿إِنَّ هَٰذِهِ تَذْكِرَةٌ ۖ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا [76:29]

29\. Ҳароина, ин сура пандест барои оламиён. Пас, ҳар кӣ барои худ дар дунёву охират некӯӣ хоҳад, бигирад роҳи имон ва парҳезгориро, он роҳе ки ӯро ба сӯӣ бахшиш ва розигии Аллоҳ мебарад.

### الآية 76:30

> ﻿وَمَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا [76:30]

30\. Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Аллоҳ хоста бошад(1). Ҳамоно Аллоҳ доност ба аҳволи бандагонаш ва ҳаким аст дар тадбиру коргузориҳояш.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, ирода намекунед ҳеҷ кореро, магар ба тақдир ва иродаи Аллоҳ бошад.

### الآية 76:31

> ﻿يُدْخِلُ مَنْ يَشَاءُ فِي رَحْمَتِهِ ۚ وَالظَّالِمِينَ أَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا [76:31]

31\. Ҳар касро, ки аз бандагонаш бихоҳад, шомили раҳмат ва розигии худ созад(1) ва барои ситамкорон ва таҷовузкунандагони ҳудудҳои Илоҳӣ азоби дардоваре омода кардааст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, мӯъминонро.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/76.md)
- [كل تفاسير سورة الإنسان
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/76.md)
- [ترجمات سورة الإنسان
](https://quranpedia.net/translations/76.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/76/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
