---
title: "ترجمة سورة النبأ - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/78/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/78/book/1985"
surah_id: "78"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة النبأ - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/78/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة النبأ - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/78/book/1985*.

Translation of Surah النبأ from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 78:1

> عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ [78:1]

1\. Аз чи чиз (кофирони Қурайш) ҳамдигарро мепурсанд?

### الآية 78:2

> ﻿عَنِ النَّبَإِ الْعَظِيمِ [78:2]

2\. Аз он хабари бузурге суол мекунанд,

### الآية 78:3

> ﻿الَّذِي هُمْ فِيهِ مُخْتَلِفُونَ [78:3]

3\. ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс(1), (ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд.)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан

### الآية 78:4

> ﻿كَلَّا سَيَعْلَمُونَ [78:4]

4\. Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, (ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард?)

### الآية 78:5

> ﻿ثُمَّ كَلَّا سَيَعْلَمُونَ [78:5]

5\. (Боз ҳам, таъкид менамояд:) Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! (Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст.) (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор)

### الآية 78:6

> ﻿أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ مِهَادًا [78:6]

6\. Оё Мо заминрро бистаре насохтем?

### الآية 78:7

> ﻿وَالْجِبَالَ أَوْتَادًا [78:7]

7\. Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад?!

### الآية 78:8

> ﻿وَخَلَقْنَاكُمْ أَزْوَاجًا [78:8]

8\. Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем.

### الآية 78:9

> ﻿وَجَعَلْنَا نَوْمَكُمْ سُبَاتًا [78:9]

9\. Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад.

### الآية 78:10

> ﻿وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا [78:10]

10\. Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад.

### الآية 78:11

> ﻿وَجَعَلْنَا النَّهَارَ مَعَاشًا [78:11]

11\. Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед.

### الآية 78:12

> ﻿وَبَنَيْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعًا شِدَادًا [78:12]

12\. Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест.

### الآية 78:13

> ﻿وَجَعَلْنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا [78:13]

13\. Ва хуршедро чароғи равшане офаридем.

### الآية 78:14

> ﻿وَأَنْزَلْنَا مِنَ الْمُعْصِرَاتِ مَاءً ثَجَّاجًا [78:14]

14\. Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем,

### الآية 78:15

> ﻿لِنُخْرِجَ بِهِ حَبًّا وَنَبَاتًا [78:15]

15\. то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот

### الآية 78:16

> ﻿وَجَنَّاتٍ أَلْفَافًا [78:16]

16\. ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидаро ато фармоем.

### الآية 78:17

> ﻿إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ كَانَ مِيقَاتًا [78:17]

17\. Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин

### الآية 78:18

> ﻿يَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا [78:18]

18\. Рӯзе, ки дар сур(1) дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд.)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар карнай пуф карда шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд ва барои ҳисоб оянд.

### الآية 78:19

> ﻿وَفُتِحَتِ السَّمَاءُ فَكَانَتْ أَبْوَابًا [78:19]

19\. Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд

### الآية 78:20

> ﻿وَسُيِّرَتِ الْجِبَالُ فَكَانَتْ سَرَابًا [78:20]

20\. Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд.

### الآية 78:21

> ﻿إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتْ مِرْصَادًا [78:21]

21\. Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст

### الآية 78:22

> ﻿لِلطَّاغِينَ مَآبًا [78:22]

22\. ва барои саркашон бозгаштгоҳест.

### الآية 78:23

> ﻿لَابِثِينَ فِيهَا أَحْقَابًا [78:23]

23\. Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд.

### الآية 78:24

> ﻿لَا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرْدًا وَلَا شَرَابًا [78:24]

24\. Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд,

### الآية 78:25

> ﻿إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا [78:25]

25\. фақат оби ҷушону хуну чирк нӯшанд.

### الآية 78:26

> ﻿جَزَاءً وِفَاقًا [78:26]

26\. Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд.

### الآية 78:27

> ﻿إِنَّهُمْ كَانُوا لَا يَرْجُونَ حِسَابًا [78:27]

27\. Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд

### الآية 78:28

> ﻿وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كِذَّابًا [78:28]

28\. Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд

### الآية 78:29

> ﻿وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ كِتَابًا [78:29]

29\. Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе(1) сабт кардаем.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, Лавҳи Маҳфуз Тафсири Саъдӣ 1\\906

### الآية 78:30

> ﻿فَذُوقُوا فَلَنْ نَزِيدَكُمْ إِلَّا عَذَابًا [78:30]

30\. Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд.

### الآية 78:31

> ﻿إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفَازًا [78:31]

31\. Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд

### الآية 78:32

> ﻿حَدَائِقَ وَأَعْنَابًا [78:32]

32\. ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур

### الآية 78:33

> ﻿وَكَوَاعِبَ أَتْرَابًا [78:33]

33\. ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол

### الآية 78:34

> ﻿وَكَأْسًا دِهَاقًا [78:34]

34\. ва ҷомҳои пур аз шароб

### الآية 78:35

> ﻿لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا كِذَّابًا [78:35]

35\. Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ

### الآية 78:36

> ﻿جَزَاءً مِنْ رَبِّكَ عَطَاءً حِسَابًا [78:36]

36\. ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб

### الآية 78:37

> ﻿رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الرَّحْمَٰنِ ۖ لَا يَمْلِكُونَ مِنْهُ خِطَابًا [78:37]

37\. Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати У сухан гуфта натавонанд,

### الآية 78:38

> ﻿يَوْمَ يَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلَائِكَةُ صَفًّا ۖ لَا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَٰنُ وَقَالَ صَوَابًا [78:38]

38\. рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухани дуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон

### الآية 78:39

> ﻿ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ ۖ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ مَآبًا [78:39]

39\. Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ.

### الآية 78:40

> ﻿إِنَّا أَنْذَرْنَاكُمْ عَذَابًا قَرِيبًا يَوْمَ يَنْظُرُ الْمَرْءُ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ وَيَقُولُ الْكَافِرُ يَا لَيْتَنِي كُنْتُ تُرَابًا [78:40]

40\. Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/78.md)
- [كل تفاسير سورة النبأ
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/78.md)
- [ترجمات سورة النبأ
](https://quranpedia.net/translations/78.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/78/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
