---
title: "ترجمة سورة النازعات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/79/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/79/book/1985"
surah_id: "79"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة النازعات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/79/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة النازعات - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/79/book/1985*.

Translation of Surah النازعات from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 79:1

> وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا [79:1]

1.Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд

### الآية 79:2

> ﻿وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا [79:2]

2.ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд

### الآية 79:3

> ﻿وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا [79:3]

3.ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд

### الآية 79:4

> ﻿فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا [79:4]

4.ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор

### الآية 79:5

> ﻿فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا [79:5]

5.ва савганд(1) ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ҷоиз нест барои одами қасам хурдан ба ғайри Аллоҳ, зеро чунин амал ширк аст.

### الآية 79:6

> ﻿يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ [79:6]

6.ки он рӯз, ки нахустин нафхаи(1) қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дамидан дар сур

### الآية 79:7

> ﻿تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ [79:7]

7\. ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд.

### الآية 79:8

> ﻿قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ [79:8]

8\. Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд,

### الآية 79:9

> ﻿أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ [79:9]

9\. ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад.

### الآية 79:10

> ﻿يَقُولُونَ أَإِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ [79:10]

10\. Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд:
Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,

### الآية 79:11

> ﻿أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا نَخِرَةً [79:11]

11\. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?

### الآية 79:12

> ﻿قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ [79:12]

12\. Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!

### الآية 79:13

> ﻿فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ [79:13]

13\. Пас танҳо як овози баланд аст.

### الآية 79:14

> ﻿فَإِذَا هُمْ بِالسَّاهِرَةِ [79:14]

14\. ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд.

### الآية 79:15

> ﻿هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ [79:15]

15\. Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо (алайҳис салом) ба ту расидааст?

### الآية 79:16

> ﻿إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى [79:16]

16\. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво(1) садо кард:
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Он води дар куҳи Сайно воқеъ аст.

### الآية 79:17

> ﻿اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ [79:17]

17\. Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст.

### الآية 79:18

> ﻿فَقُلْ هَلْ لَكَ إِلَىٰ أَنْ تَزَكَّىٰ [79:18]

18\. Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ

### الآية 79:19

> ﻿وَأَهْدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخْشَىٰ [79:19]

19\. ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ?

### الآية 79:20

> ﻿فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَىٰ [79:20]

20\. Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод.

### الآية 79:21

> ﻿فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ [79:21]

21\. Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)-ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.

### الآية 79:22

> ﻿ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَىٰ [79:22]

22\. Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсо саъй ва талош мекард.

### الآية 79:23

> ﻿فَحَشَرَ فَنَادَىٰ [79:23]

23\. Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод

### الآية 79:24

> ﻿فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ [79:24]

24\. ва Гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам!

### الآية 79:25

> ﻿فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَىٰ [79:25]

25\. Пас Парвардигораш ӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард.

### الآية 79:26

> ﻿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِمَنْ يَخْشَىٰ [79:26]

26\. Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад!

### الآية 79:27

> ﻿أَأَنْتُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَمِ السَّمَاءُ ۚ بَنَاهَا [79:27]

27\. Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст?

### الآية 79:28

> ﻿رَفَعَ سَمْكَهَا فَسَوَّاهَا [79:28]

28\. Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард,

### الآية 79:29

> ﻿وَأَغْطَشَ لَيْلَهَا وَأَخْرَجَ ضُحَاهَا [79:29]

29\. шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб

### الآية 79:30

> ﻿وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَٰلِكَ دَحَاهَا [79:30]

30\. ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард

### الآية 79:31

> ﻿أَخْرَجَ مِنْهَا مَاءَهَا وَمَرْعَاهَا [79:31]

31\. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард

### الآية 79:32

> ﻿وَالْجِبَالَ أَرْسَاهَا [79:32]

32\. ва кӯҳҳоро устувор сохт,

### الآية 79:33

> ﻿مَتَاعًا لَكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ [79:33]

33\. барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо.

### الآية 79:34

> ﻿فَإِذَا جَاءَتِ الطَّامَّةُ الْكُبْرَىٰ [79:34]

34\. Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад,

### الآية 79:35

> ﻿يَوْمَ يَتَذَكَّرُ الْإِنْسَانُ مَا سَعَىٰ [79:35]

35\. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад

### الآية 79:36

> ﻿وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِمَنْ يَرَىٰ [79:36]

36\. ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад.

### الآية 79:37

> ﻿فَأَمَّا مَنْ طَغَىٰ [79:37]

37\. Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён

### الآية 79:38

> ﻿وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا [79:38]

38\. ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад,

### الآية 79:39

> ﻿فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَىٰ [79:39]

39\. бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.

### الآية 79:40

> ﻿وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَىٰ [79:40]

40\. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад,

### الآية 79:41

> ﻿فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَىٰ [79:41]

41\. пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст.

### الآية 79:42

> ﻿يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا [79:42]

42\. Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.

### الآية 79:43

> ﻿فِيمَ أَنْتَ مِنْ ذِكْرَاهَا [79:43]

43\. Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест?

### الآية 79:44

> ﻿إِلَىٰ رَبِّكَ مُنْتَهَاهَا [79:44]

44\. Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст.

### الآية 79:45

> ﻿إِنَّمَا أَنْتَ مُنْذِرُ مَنْ يَخْشَاهَا [79:45]

45\. Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад.

### الآية 79:46

> ﻿كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَهَا لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا عَشِيَّةً أَوْ ضُحَاهَا [79:46]

46\. Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/79.md)
- [كل تفاسير سورة النازعات
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/79.md)
- [ترجمات سورة النازعات
](https://quranpedia.net/translations/79.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/79/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
