---
title: "ترجمة سورة عبس - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/80/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/80/book/1985"
surah_id: "80"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة عبس - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/80/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة عبس - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/80/book/1985*.

Translation of Surah عبس from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 80:1

> عَبَسَ وَتَوَلَّىٰ [80:1]

1.Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид(1),
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Ин гуна рафтор аз ҷониби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои тарки афзал буд на ин ки корашон аз рӯи гуноҳ буд, зеро паёмбарон маъсуманд, балки ин корашон тобеъи сиришти инсонӣ аст, монанди хашм, ризо, ханда ва гиря. Узри ибни Мактум низ ин буд, ки намедонист Расулуллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам ба дигарон машғуланд, ки ба Ислом мушарраф шаванд.

### الآية 80:2

> ﻿أَنْ جَاءَهُ الْأَعْمَىٰ [80:2]

2.чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.

### الآية 80:3

> ﻿وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّهُ يَزَّكَّىٰ [80:3]

3.Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,

### الآية 80:4

> ﻿أَوْ يَذَّكَّرُ فَتَنْفَعَهُ الذِّكْرَىٰ [80:4]

4.ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.

### الآية 80:5

> ﻿أَمَّا مَنِ اسْتَغْنَىٰ [80:5]

5.Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,

### الآية 80:6

> ﻿فَأَنْتَ لَهُ تَصَدَّىٰ [80:6]

6.ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ

### الآية 80:7

> ﻿وَمَا عَلَيْكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ [80:7]

7\. ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Бағавӣ 8\\336

### الآية 80:8

> ﻿وَأَمَّا مَنْ جَاءَكَ يَسْعَىٰ [80:8]

8\. Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад

### الآية 80:9

> ﻿وَهُوَ يَخْشَىٰ [80:9]

9\. ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,

### الآية 80:10

> ﻿فَأَنْتَ عَنْهُ تَلَهَّىٰ [80:10]

10\. вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Ибни Касир 8\\319

### الآية 80:11

> ﻿كَلَّا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ [80:11]

11\. Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,

### الآية 80:12

> ﻿فَمَنْ شَاءَ ذَكَرَهُ [80:12]

12\. пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

### الآية 80:13

> ﻿فِي صُحُفٍ مُكَرَّمَةٍ [80:13]

13\. Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,

### الآية 80:14

> ﻿مَرْفُوعَةٍ مُطَهَّرَةٍ [80:14]

14\. саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,

### الآية 80:15

> ﻿بِأَيْدِي سَفَرَةٍ [80:15]

15\. ба дасти котибони,

### الآية 80:16

> ﻿كِرَامٍ بَرَرَةٍ [80:16]

16\. бузургвору некӯкор(1) сабт шудааст.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Фариштагон

### الآية 80:17

> ﻿قُتِلَ الْإِنْسَانُ مَا أَكْفَرَهُ [80:17]

17\. Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

### الآية 80:18

> ﻿مِنْ أَيِّ شَيْءٍ خَلَقَهُ [80:18]

18\. Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст?

### الآية 80:19

> ﻿مِنْ نُطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ [80:19]

19\. Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,

### الآية 80:20

> ﻿ثُمَّ السَّبِيلَ يَسَّرَهُ [80:20]

20\. сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.

### الآية 80:21

> ﻿ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ [80:21]

21\. Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.

### الآية 80:22

> ﻿ثُمَّ إِذَا شَاءَ أَنْشَرَهُ [80:22]

22\. Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад

### الآية 80:23

> ﻿كَلَّا لَمَّا يَقْضِ مَا أَمَرَهُ [80:23]

23\. Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.

### الآية 80:24

> ﻿فَلْيَنْظُرِ الْإِنْسَانُ إِلَىٰ طَعَامِهِ [80:24]

24\. Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.

### الآية 80:25

> ﻿أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاءَ صَبًّا [80:25]

25\. Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,

### الآية 80:26

> ﻿ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا [80:26]

26\. сипас заминро ба некӣ шикофтем,

### الآية 80:27

> ﻿فَأَنْبَتْنَا فِيهَا حَبًّا [80:27]

27\. онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,

### الآية 80:28

> ﻿وَعِنَبًا وَقَضْبًا [80:28]

28\. ва ангуру сабзавот

### الآية 80:29

> ﻿وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا [80:29]

29\. ва зайтуну дарахтони хурмо

### الآية 80:30

> ﻿وَحَدَائِقَ غُلْبًا [80:30]

30\. ва боғҳои пурдарахту анбуҳ

### الآية 80:31

> ﻿وَفَاكِهَةً وَأَبًّا [80:31]

31\. ва меваву алафро,

### الآية 80:32

> ﻿مَتَاعًا لَكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ [80:32]

32\. то шумову чорпоёнатон баҳра баред.

### الآية 80:33

> ﻿فَإِذَا جَاءَتِ الصَّاخَّةُ [80:33]

33\. Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,

### الآية 80:34

> ﻿يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ [80:34]

34\. рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад

### الآية 80:35

> ﻿وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ [80:35]

35\. ва аз модару падараш

### الآية 80:36

> ﻿وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ [80:36]

36\. ва аз ҳамсару фарзандонаш.

### الآية 80:37

> ﻿لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ [80:37]

37\. Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.

### الآية 80:38

> ﻿وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ مُسْفِرَةٌ [80:38]

38\. Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,

### الآية 80:39

> ﻿ضَاحِكَةٌ مُسْتَبْشِرَةٌ [80:39]

39\. хандонанду шодонанд.

### الآية 80:40

> ﻿وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ عَلَيْهَا غَبَرَةٌ [80:40]

40\. Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,

### الآية 80:41

> ﻿تَرْهَقُهَا قَتَرَةٌ [80:41]

41\. торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.

### الآية 80:42

> ﻿أُولَٰئِكَ هُمُ الْكَفَرَةُ الْفَجَرَةُ [80:42]

42\. Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.(1)
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Тафсири Табарӣ 24\\234

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/80.md)
- [كل تفاسير سورة عبس
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/80.md)
- [ترجمات سورة عبس
](https://quranpedia.net/translations/80.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/80/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
