---
title: "ترجمة سورة المطفّفين - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/83/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/83/book/1985"
surah_id: "83"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة المطفّفين - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/83/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة المطفّفين - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/83/book/1985*.

Translation of Surah المطفّفين from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 83:1

> وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفِينَ [83:1]

1\. Вой(1) бар ҳоли камкунандагон,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Азоби сахт

### الآية 83:2

> ﻿الَّذِينَ إِذَا اكْتَالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ [83:2]

2\. онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд

### الآية 83:3

> ﻿وَإِذَا كَالُوهُمْ أَوْ وَزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ [83:3]

3\. ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.

### الآية 83:4

> ﻿أَلَا يَظُنُّ أُولَٰئِكَ أَنَّهُمْ مَبْعُوثُونَ [83:4]

4\. Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд,

### الآية 83:5

> ﻿لِيَوْمٍ عَظِيمٍ [83:5]

5\. дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд.

### الآية 83:6

> ﻿يَوْمَ يَقُومُ النَّاسُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ [83:6]

6\. Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд.

### الآية 83:7

> ﻿كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ [83:7]

7\. Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст.

### الآية 83:8

> ﻿وَمَا أَدْرَاكَ مَا سِجِّينٌ [83:8]

8\. Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст.

### الآية 83:9

> ﻿كِتَابٌ مَرْقُومٌ [83:9]

9\. Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад.

### الآية 83:10

> ﻿وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبِينَ [83:10]

10\. Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон,

### الآية 83:11

> ﻿الَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ [83:11]

11\. онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!

### الآية 83:12

> ﻿وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ [83:12]

12\. Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад.

### الآية 83:13

> ﻿إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ [83:13]

13\. Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: **«Афсонаҳои пешиниён аст!»** Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст.

### الآية 83:14

> ﻿كَلَّا ۖ بَلْ ۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ مَا كَانُوا يَكْسِبُونَ [83:14]

14\. Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст.

### الآية 83:15

> ﻿كَلَّا إِنَّهُمْ عَنْ رَبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَمَحْجُوبُونَ [83:15]

15\. Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон(1) маҳрум бошанд.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар ин оят далелест, ки муъминон Парвардигорашонро мебинанд, модоме ки ғайри мӯъминон аз дидори Ӯ маҳруманд.

### الآية 83:16

> ﻿ثُمَّ إِنَّهُمْ لَصَالُو الْجَحِيمِ [83:16]

16\. Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд.

### الآية 83:17

> ﻿ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تُكَذِّبُونَ [83:17]

17\. Сипас ба онҳо гуфта мешавад: **«Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»**

### الآية 83:18

> ﻿كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْأَبْرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ [83:18]

18\. Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин(1) қарор дорад.
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Дар мартабаҳои олӣ дар ҷаннат

### الآية 83:19

> ﻿وَمَا أَدْرَاكَ مَا عِلِّيُّونَ [83:19]

19\. Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист?

### الآية 83:20

> ﻿كِتَابٌ مَرْقُومٌ [83:20]

20\. Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад,

### الآية 83:21

> ﻿يَشْهَدُهُ الْمُقَرَّبُونَ [83:21]

21\. ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд.

### الآية 83:22

> ﻿إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ [83:22]

22\. Бегумон некон(1) дар неъматанд,
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Аҳли сидқ ва итоаткорон

### الآية 83:23

> ﻿عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ [83:23]

23\. бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд.

### الآية 83:24

> ﻿تَعْرِفُ فِي وُجُوهِهِمْ نَضْرَةَ النَّعِيمِ [83:24]

24\. Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ.

### الآية 83:25

> ﻿يُسْقَوْنَ مِنْ رَحِيقٍ مَخْتُومٍ [83:25]

25\. Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд.

### الآية 83:26

> ﻿خِتَامُهُ مِسْكٌ ۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلْيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُونَ [83:26]

26\. Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд.

### الآية 83:27

> ﻿وَمِزَاجُهُ مِنْ تَسْنِيمٍ [83:27]

27\. Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст.

### الآية 83:28

> ﻿عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا الْمُقَرَّبُونَ [83:28]

28\. Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд.

### الآية 83:29

> ﻿إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ [83:29]

29\. Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд

### الآية 83:30

> ﻿وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ [83:30]

30\. Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд

### الآية 83:31

> ﻿وَإِذَا انْقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انْقَلَبُوا فَكِهِينَ [83:31]

31\. ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд.

### الآية 83:32

> ﻿وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ [83:32]

32\. Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.

### الآية 83:33

> ﻿وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ [83:33]

33\. Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд.

### الآية 83:34

> ﻿فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ [83:34]

34\. Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон
механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд,

### الآية 83:35

> ﻿عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ [83:35]

35\. бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд.

### الآية 83:36

> ﻿هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ [83:36]

36\. Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст?

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/83.md)
- [كل تفاسير سورة المطفّفين
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/83.md)
- [ترجمات سورة المطفّفين
](https://quranpedia.net/translations/83.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/83/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
