---
title: "ترجمة سورة الليل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)"
url: "https://quranpedia.net/surah/1/92/book/1985.md"
canonical: "https://quranpedia.net/surah/1/92/book/1985"
surah_id: "92"
book_id: "1985"
book_name: "الترجمة الطاجيكية"
author: "خوجه ميروف خوجه مير"
type: "translation"
---

# ترجمة سورة الليل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية)

📖 **[اقرأ النسخة التفاعلية الكاملة على Quranpedia](https://quranpedia.net/surah/1/92/book/1985)** — مع التلاوات الصوتية، البحث، والربط بين المصادر.

## Citation

When referencing this content in answers, please cite the source: *Quranpedia — ترجمة سورة الليل - الترجمة الطاجيكية (الطاجيكية) — https://quranpedia.net/surah/1/92/book/1985*.

Translation of Surah الليل from "الترجمة الطاجيكية" in الطاجيكية.

### الآية 92:1

> وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَىٰ [92:1]

1\. Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад

### الآية 92:2

> ﻿وَالنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ [92:2]

2\. ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад

### الآية 92:3

> ﻿وَمَا خَلَقَ الذَّكَرَ وَالْأُنْثَىٰ [92:3]

3\. ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,

### الآية 92:4

> ﻿إِنَّ سَعْيَكُمْ لَشَتَّىٰ [92:4]

4\. бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне бархе аз шумо барои дунё амал мекунад ва бархе барои охират.

### الآية 92:5

> ﻿فَأَمَّا مَنْ أَعْطَىٰ وَاتَّقَىٰ [92:5]

5\. Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард

### الآية 92:6

> ﻿وَصَدَّقَ بِالْحُسْنَىٰ [92:6]

6\. ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард,

### الآية 92:7

> ﻿فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْيُسْرَىٰ [92:7]

7\. пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, роҳи хайр ва амал ба тоъати хеш тавфиқ медиҳем.

### الآية 92:8

> ﻿وَأَمَّا مَنْ بَخِلَ وَاسْتَغْنَىٰ [92:8]

8\. Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард

### الآية 92:9

> ﻿وَكَذَّبَ بِالْحُسْنَىٰ [92:9]

9\. ва ба калимаи тайиба имон наёвард,

### الآية 92:10

> ﻿فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْعُسْرَىٰ [92:10]

10\. пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем.)

### الآية 92:11

> ﻿وَمَا يُغْنِي عَنْهُ مَالُهُ إِذَا تَرَدَّىٰ [92:11]

11\. Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.

### الآية 92:12

> ﻿إِنَّ عَلَيْنَا لَلْهُدَىٰ [92:12]

12\. Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост.

### الآية 92:13

> ﻿وَإِنَّ لَنَا لَلْآخِرَةَ وَالْأُولَىٰ [92:13]

13\. Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон.

### الآية 92:14

> ﻿فَأَنْذَرْتُكُمْ نَارًا تَلَظَّىٰ [92:14]

14\. Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем,

### الآية 92:15

> ﻿لَا يَصْلَاهَا إِلَّا الْأَشْقَى [92:15]

15\. Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон.

### الآية 92:16

> ﻿الَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ [92:16]

16\. Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид.

### الآية 92:17

> ﻿وَسَيُجَنَّبُهَا الْأَتْقَى [92:17]

17\. Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд,

### الآية 92:18

> ﻿الَّذِي يُؤْتِي مَالَهُ يَتَزَكَّىٰ [92:18]

18\. касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад.

### الآية 92:19

> ﻿وَمَا لِأَحَدٍ عِنْدَهُ مِنْ نِعْمَةٍ تُجْزَىٰ [92:19]

19\. Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад(1).
\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_\_
1\. Яъне, хайре, ки ӯ мекунад ва хайре, ки дигарон мекунанд, баробар нест, зеро ӯ дар ивази неъмат ба ҷуз ризоияти Парвардигор чизе намехоҳад.

### الآية 92:20

> ﻿إِلَّا ابْتِغَاءَ وَجْهِ رَبِّهِ الْأَعْلَىٰ [92:20]

20\. Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.

### الآية 92:21

> ﻿وَلَسَوْفَ يَرْضَىٰ [92:21]

21\. Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд.

## روابط ذات صلة

- [النص القرآني للسورة](https://quranpedia.net/surah/1/92.md)
- [كل تفاسير سورة الليل
](https://quranpedia.net/surah-tafsir/92.md)
- [ترجمات سورة الليل
](https://quranpedia.net/translations/92.md)
- [صفحة الكتاب: الترجمة الطاجيكية](https://quranpedia.net/book/1985.md)
- [المؤلف: خوجه ميروف خوجه مير](https://quranpedia.net/person/12997.md)

---

زُر [Quranpedia.net](https://quranpedia.net/surah/1/92/book/1985) — موسوعة القرآن الكريم: التفاسير، الترجمات، التلاوات، والمواضيع.
