ترجمة سورة الأنفال

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الأنفال باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй паёмбар] Аз ту дар бораи [тақсим] анфол [ғаноими ҷангӣ] мепурсанд, бигӯ: «Анфол аз они Аллоҳ таоло ва паёмбар аст, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо якдигар созиш намоед ва агар имон доред, аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед
Бе тардид, муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки чун ёди Аллоҳ таоло мешавад, дилҳояшон ҳаросон мегардад ва чун оёташ бар онон хонда мешавад, бар имонашон меафзояд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Касоне, ки намоз барпо медоранд ва аз ончи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд.
Онон ҳастанд, ки ба ростӣ муъминанд. Барои онон назди Парвардигорашон дараҷот [-и воло] ва омурзишу рӯзии наку хоҳад буд
[Эй паёмбар, ихтиёри комили ту бар ғаноим муҷиби нохушнудии бархе афрод аст, дуруст] Ҳамон тавре ки Парвардигорат туро ба ҳақ аз хонаат [дар Мадина ба сӯйи майдони Бадр] берун овард ва ҳатман, гурӯҳе аз муъминон [аз ҷангидан] нохушнуд буданд
Онон пас аз онки ҳақиқат ошкор шуд, дар бораи ҳақ [-и ҷиҳод] бо ту муҷодала мекунанд, гӯё эшонро ба сӯйи марг меронанд, дар ҳоле ки худ [ба мурданашон] менигаранд
Ва [эй муҷоҳидон, ба ёд оваред] ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод, ки [ғаноими] яке аз ду гурӯҳ [корвони тиҷорӣ ё лашкар] насибатон хоҳад шуд ва шумо дӯст доштед, ки корвони ғайри низомӣ [тиҷорӣ] барои шумо бошад ва Аллоҳ таоло мехост бо суханони хеш [дар бораи куштори кофирон] ҳақ [-и Ислом]–ро пойдор гардонад ва решаи кофиронро қатъ кунад
[Аллоҳ таоло Исломро пирӯз кард] То ҳақро собит намояд ва ботилро аз миён бардорад, ҳарчанд гунаҳгорон [-и мушрик] нохушнуд бошанд
[Рӯзи Бадрро ба ёд оваред] Он гоҳ ки аз Парвардигоратон фарёдрасӣ [ва ёрӣ] мехостед ва Ӯ [дархости] шуморо пазируфт [ва фармуд]: «Бе гумон, шуморо бо ҳазор фаришта, ки паёпай фуруд меоянд, ёрӣ мекунам»
Ва Аллоҳ таоло ин [ёрӣ]-ро ҷуз муждае [бароятон] қарор надод, то дилҳоятон бо он ором гирад ва [бидонед, ки] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳ таоло нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
[Ва ба ёд оваред] Ҳангоме ки хоби сабук, ки оромише аз сӯйи Ӯ буд, шуморо фаро гирифт ва аз осмон обе бар шумо фурӯ фиристод, то бо он покатон кунад ва палидии шайтонро аз шумо дур созад ва дилҳоятонро маҳкам бидорад ва гомҳоятонро бо он устувор намояд
[Ва эй паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард,ки: «Ман бо шумо ҳастам, пас, касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам доред. Ба зудӣ, дар дили касоне, ки куфр варзиданд, ҳарос меафканам, пас. [эй муҷоҳидон, шамшери хешро] бар фарози гарданҳояшон бизанед ва ҳамаи ангуштонашонро қатъ кунед [то силоҳ барнагиранд]
Ин ба хотири он аст, ки онон бо Аллоҳ таоло ва расулаш мухолифат карданд ва ҳар ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш мухолифат кунад, пас, [бидон, ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст
[Эй кофирон] Ин [азоби дунё]-ро бичашед ва [бидонед, ки] барои кофирон [дар қиёмат] азоби оташ аст
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаргоҳ [дар майдони ҷанг] бо анбӯҳи кофирон рӯбарӯ шудед, пас, ба онон пушт накунед [ва нагурезед]
Ва ҳар ки дар он ҳангом ба онон пушт кунад, магар он ки [ангезааш фиреби душман ё] канорагирӣ барои набарди [дубора] ё пайвастан ба гурӯҳ [-и дигар аз сипоҳи мусулмонон] бошад, ҳатман, ба хашми Аллоҳ таоло гирифтор мегардад ва ҷойгоҳаш дузах аст. Ва чи бад саранҷомест!
Пас, [эй муъминон, дар рӯзи набард бо мушрикон дар Бадр] шумо [бо неруи худ] ононро накуштед, балки Аллоҳ таоло ононро кушт ва [эй паёмбар] ҳангоме ки [ба сӯяшон хоку санг] меандохтӣ, [дар ҳақиқат] ту наандохтӣ, балки Аллоҳ таоло андохт, то муъминонро ба озмоиши наку аз ҷониби худ биозмояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову доност
Ин [шикаст ва фирори мушрикон ва сарафрозии муъминон ҳама аз ҷониби Аллоҳ таоло] буд ва Аллоҳ таоло найранги кофиронро суст [-у беасар] мегардонад
[Эй мушрикон] Агар хоҳони пирӯзӣ [бар мусулмонон ва фарорасидани азоби илоҳӣ ҳастед], инак пирӯзии [Ислом, ки бузургтарин ранҷ ва азоби шумост] ба суроғатон омад.Ва агар [аз куфру душманӣ бо паёмбар] даст бардоред, он [кор] бароятон беҳтар аст, ва [-ле] агар [ба ҷанг бо мусулмонон] баргардед, мо низ бармегардем.Ва [инро бидонед] ки гурӯҳи шумо, ҳарчанд зиёд бошад, ҳаргиз наметавонад шуморо аз чизе бениёз кунад ва [дигар] инки [ҳамвора] Аллоҳ таоло бо муъминон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло ва расулаш итоат кунед ва аз [аҳкому фармонҳои] Ӯ рӯ нагардонед, дар ҳоле ки [оёти Қуръонро] мешунавед
Ва монанди касоне набошед, ки гуфтанд: «[Оёти илоҳиро] шунидем», ҳол онки намешуниданд
Бе гумон, бадтарин ҷунбандагон назди Аллоҳ таоло он [касоне ҳастанд, ки дар баробари ҳақ] кару гунг ҳастанд [ва ҳаққо], ки намеандешанд
Ва агар Аллоҳ таоло хайре дар онон суроғ дошт, [дар баробари каломи ҳақ] шунавояшон менамуд, ва [ле ҳатто] агар шунавояшон месохт, боз ҳам пушт мекарданд ва рӯйгардон мешуданд
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаргоҳе Аллоҳ таоло ва паёмбар, шуморо ба чизе фарохонданд, ки ба шумо зиндагӣ мебахшад, ононро иҷобат кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло миёни инсон ва дилаш қарор мегирад [ва аз асрор огоҳ аст] ва ин ки [дар қиёмат ҳамагӣ] назди Ӯ гирд оварда мешавед
Ва [эй муъминон] аз азоб бипарҳезед, ки танҳо домани ситамгоронатонро намегирад ва бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
Ва ба ёд оваред замонеро, ки шумо дар сарзамини [Макка] андак ва нотавон будед [ва] метарсидед ки мардумон [-и мушрик] шуморо бирабоянд, пас, Аллоҳ таоло [дар Мадина] паноҳатон дод ва бо ёрии хеш нерумандатон сохт ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид, бошад, ки сипос гузоред
Эй касоне, ки имон овардаед, [бо сарпечӣ аз авомир ва навоҳӣ] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар хиёнат накунед ва [ҳамчунин] дар амонатҳои худ хиёнат накунед, дар ҳоле ки медонед [ин кор гуноҳ аст]
Ва бидонед, ки бе тардид, амволу фарзандонатон [василаи] озмоиш аст ва подоши бузург назди Аллоҳ таоло аст
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Аллоҳ таоло парво кунед, барои шумо [неруи] ташхис [-и ҳаққу ботил] қарор медиҳад ва гуноҳонатонро аз шумо мезудояд ва шуморо меомурзад. Ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург аст
Ва [эй паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки кофирон дар бораат дасиса мекарданд, ки туро ба зиндон биафкананд ё бикушанд ё [аз Макка] берунат кунанд. Онон макр меандешиданд ва Аллоҳ таоло [низ тадбиру] макр мекард. Ва Аллоҳ таоло беҳтарини макрангезон аст
Ва чун оёти Мо бар онон хонда шавад, мегӯянд: «Ба хубӣ шунидем. Агар мехостем, мо низ ҳатман, ҳаммонанди ин [суханон]-ро мегуфтем. Ин [Қуръон, чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён»
Ва [ба ёд овар] он гоҳ ки гуфтанд: «Парвардигоро, агар ин [Қуръон] ба ростӣ ҳақ аст ва аз ҷониби Туст, пас, аз осмон сангҳо [-и вайронгар] бар мо бибор ё азоби дарднок бар мо бифирист»
Ва[-ле эй Муҳаммад] дар миёни онон ҳастӣ, Аллоҳ таоло бар он нест ки азобашон кунад ва то замоне, ки [аз даргоҳи илоҳӣ] омурзиш металабанд, Аллоҳ таоло азобкунандаи эшон нест
Ва чаро Аллоҳ таоло [дар охират] азобашон накунад, бо инки онон [мардумро] аз [тавоф ва ибодат дар] Масҷиду-л-ҳаром бозмедоранд? Ва [мушрикон] ҳаргиз дӯстони Аллоҳ таоло набудаанд, [зеро] дӯстони Аллоҳ таоло касе ҷуз парҳезгорон нестанд, вале бештарашон намедонанд
Ва намозашон назди хонаи [Каъба] чизе ҷуз фарёд кашидан ва каф задан набуд, пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, азоб [-и шикасту асорат дар Бадр]–ро бичашед
Онон ки куфр варзиданд, амволашонро харҷ мекунанд, то [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд, пас, ба зудӣ ҳамаро харҷ мекунанд, он гоҳ [ин кор мояи] ҳасрат ва пушаймонияшон мегардад ва сипас шикаст мехӯранд ва [саранҷом] касоне, ки куфр варзиданд, ба сӯйи [оташи] дузах кашонда мешаванд
То [тавассути азоби дузах] Аллоҳ таоло [муъминони] покро аз [мушрикони] палид ҷудо кунад ва [тамоми он амволи] палидро [ки барои нобудии Ислом сарф мешуд] бар ҳам ниҳад ва ҳамагиро мутароким созад ва сипас [якҷо] дар дузах қарор диҳад. Инон ҳамон зиёндидагони [воқеӣ] ҳастанд
[Эй паёмбар] ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ, [ки] агар [аз ширк ва душманӣ] даст бардоранд, гузаштаҳояшон бахшида мешавад, ва [-ле] агар [ба рафтори гузаштаи худ] бозгарданд, суннат [-у азоби илоҳӣ, ки дар мавриди] пешиниён гузашт, [такрор хоҳад шуд]
Ва [эй муъминон] бо онон пайкор кунед, то фитна [ширк] решакан шавад ва [парастишу] дин ҳама аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар онон [аз ширку озор] даст бардоштанд, [раҳояшон кунед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, биност
Ва агар [аз фармудаҳои илоҳӣ] сарпечӣ кунанд, пас, бидонед ки Аллоҳ таоло [дӯсту] корсози шумост. Чи наку корсоз ва чи наку ёваре ҳаст!
Ва бидонед ҳар ғанимате, ки ба даст овардед, як панҷумаш [панҷякаш] барои Аллоҳ таоло ва паёмбар ва барои хешовандон [-и паёмбар, аз Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб] ва ятимони [ноболиғ] ва тиҳидастон ва дарроҳмондагон аст. Агар ба Аллоҳ таоло ва ончи ки бар бандаи худ дар рӯзи ҷудоӣ [ҳақ аз ботил], рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [муъминон ва мушрикон] нозил кардем, имон доред [ба ин аҳком амал кунед] ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Он гоҳ ки шумо [муъминон] бар доманаи наздиктар будед ва онон дар доманаи дуртар қарор доштанд ва корвон [-и тиҷории Курайш] поёнтар аз [майдони ҷанг ва дур аз тиррасии] шумо буд ва агар [шумо ва мушрикон] бо якдигар [дар мавриди маҳалли даргирӣ] ваъда гузошта будед, ҳатман, дар ваъдагоҳи худ ихтилоф мекардед, вале [ба иродаи илоҳӣ дар Бадр ҷамъ шудед], то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад, то ҳар [кофире] ки ҳалок мешавад, [бо вуҷуди бартарии низомӣ ва ададӣ дар ширку гумроҳӣ] ҳалок гардад ва ҳар [муъмине] ки зинда мемонад, [ба ҳидоят] зиндагӣ ёбад [ва ин марг ва зиндагӣ] бар асоси далели равшан бошад ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
[Ба ёд овар] Он гоҳ ки Аллоҳ таоло [иддаи] ононро дар хобат ба ту андак нишон дод ва агар эшонро бисёр нишон медод, мусалламан, суст [-у баддил] мешудед ва дар кори [ҷанг] ихтилоф мекардед. Вале Аллоҳ таоло [шуморо аз сустӣ ва ихтилоф] дар амон нигоҳ дошт. Бе гумон, Ӯ ба ончи дар синаҳост, огоҳ аст
Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки бо ҳам рӯбарӯ шудед, ононро ба чашми шумо камтеъдод намуд ва шуморо [низ] ба чашми онон андак ҷилва дод, то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад ва [бидонед, ки ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед
Ва аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед ва [дар тасмимгирӣ] бо якдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва [тавону] иқтидоратон аз байн меравад. Ва шикебоӣ кунед, ки бе гумон, Аллоҳ таоло бо шикебоён аст
Ва монанди касоне набошед, ки бо саркашию худнамоӣ дар баробари мардум аз сарзамини худ [Макка] хориҷ шуданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, иҳота дорад
Ва [эй муъминон, ба ёд оред] ҳангоме ки шайтон аъмоли ононро дар назарашон орост ва гуфт: «Имрӯз ҳеҷ кас бар шумо пирӯз намешавад ва ман [ёвару] паноҳатон ҳастам». Аммо ҳангоме ки ду гурӯҳ [бо ҳам] рӯбарӯ шуданд, ба ақиб бозгашту гуфт: «Ба ростӣ, ки ман аз шумо безорам ва чизе [фариштагони ёригар] –ро мебинам, ки шумо намебинед. Ман аз Аллоҳ таоло метарсам ва [аз ҳалок бим дорам, чаро ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст»
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ буд, мегуфтанд: «Ин муъминонро динашон фирефта аст» ва ҳар ки бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, [осудахотир бошад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
Ва агар медидӣ,он гоҳ ки фариштагон ҷони кофиронро меситонданд, бар сурату пушташон мезаданд ва [мегӯянд]: «Азоби сӯзонро бичашед
Ин [ҷондодани сангин ва азоби дарднок] дар муқобили корҳоест, ки аз пеш фиристодаед, ва[-гарна] Аллоҳ таоло нисбат ба бандагони [худ] ситамгор нест».
[Азоби ин кофирони ҳақситез] Ҳаммонанди шеваи [муҷозоти ] фиръавниён ва [дигар] касонест, ки пеш аз онон буданд, [ки ҳамагӣ] ба оёти Аллоҳ таоло куфр варзиданд ва Аллоҳ таоло ононро ба [сазои] гуноҳонашон гирифтор кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди сахткайфар аст
Ин [кайфари сахт] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набудааст, ки неъматеро, ки бар мардуме арзонӣ доштааст, дигаргун кунад, магар онки онон [рафтори муваҳҳидонаи] худро тағйир диҳанд [ва куфру носипосӣ биварзанд] ва бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову доност
[Кофирон рафторе доранд] Ҳамчун рафтори фиръавниён ва касоне, ки пеш аз онон буданд, ки оёти Парвардигорашонро дурӯғ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро ба кайфари гуноҳҳояшон ҳалок кардем ва фиръавниёнро ғарқ намудем ва ҳамагӣ [мушрику] ситамгор буданд
Яқинан, бадтарин ҷунбандагон назди Аллоҳ таоло касоне ҳастанд, ки куфр варзиданд ва имон намеоваранд
[Ҳамон] Касоне, ки бо онон паймон бастӣ, вале ҳар бор паймонашонро мешикананд ва [аз Аллоҳ таоло] парво намекунанд
Ва [эй паёмбар] агар дар ҷанг бар онон даст ёфтӣ, чунон дар ҳам бикӯбашон, ки ибрати дигарон гардад, бошад, ки [дигарон] панд гиранд
Ва агар аз гурӯҳе бими хиёнат дорӣ, [паймонашонро] ба онон бозгардон, [то огоҳии тарафайн аз шикасти паймон] ба таври яксон [бошад]. Бе тардид, Аллоҳ таоло хоинонро дӯст надорад
Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз мапиндоранд ки ҷон бадар бурдаанд [ва наҷот ёфтаанд], онон ҳаргиз [аз маргу азоб] роҳи гурезе надоранд
Ва [эй муъминон] ҳарчи дар тавон доред, аз неру ва аспҳои омода [ва ҷангафзор], басиҷ кунед, то бо ин [тадорукот] душмани Аллоҳ таоло ва душмани хешро битарсонед, ҳамчунин, [бо ин таҷҳизот душманони] дигареро ғайр аз эшон, ки шумо ононро намешиносед, ва [-ле] Аллоҳ таоло мешиносадашон [ба ваҳшат бияндозед] ва ҳарчи дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед, подоши он ба шумо бозгардонда мешавад ва бар шумо ситам намеравад
Ва агар [кофирон] ба сулҳ моил шуданд, пас, ту [низ эй паёмбар] аз дари сулҳ даро ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Бе гумон, Ӯст, ки шунавову доност
Ва агар [кофирон бо тазоҳур ба оштӣ] бихоҳанд фиребат диҳанд, пас, Аллоҳ таоло бароят кофӣ аст. Ӯст, ки бо ёрии худ ва муъминон, туро таъйид [-у тақвият] намуд
Ва байни дилҳояшон [меҳрубонӣ ва] улфат барқарор намуд. [Эй паёмбар] Агар ту тамоми ончиро, ки дар рӯйи замин аст, харҷ мекардӣ, [ҳаргиз] наметавонистӣ байни дилҳояшонро улфат диҳӣ, вале Аллоҳ таоло миёни онон улфат падид овард. Ба ростӣ, ки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Эй паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ таоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст
Эй паёмбар, муъминонро ба ҷанг ташвиқ кун. Агар аз шумо [муъминон] бист нафар [бар ҷиҳод] шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] ғалаба мекунанд ва агар сад нафар аз шумо [инчунин] бошанд, бар ҳазор нафар аз касоне, ки куфр варзиданд, ғалаба мекунанд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки [арзиши ҳақиқии ҷиҳодро] намефаҳманд
Акнун Аллоҳ таоло ба шумо сабук гирифт ва донист, ки [бар асари ҷанг] заъфе дар вуҷудатон аст. Пас, агар аз [миёни] шумо сад нафар шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] пирӯз мешаванд ва агар аз шумо ҳазор нафар бошанд, ба фармони Аллоҳ таоло, бар ду ҳазор нафар ғолиб хоҳанд шуд.Ва Аллоҳ таоло бо шикебоён аст
Барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки асироне [аз лашкари кофирон] дошта бошад, ки [битавонад бо эъдоми онҳо] дар замин куштори бисёре ба роҳ андозад [то ба ин васила душманро ба ваҳшат биандозад], Шумо [муъминон бо гирифтани фидя аз асирони Бадр сарват ва] колои дунёро мехоҳед ва Аллоҳ таоло охиратро [бароятон] мехоҳад ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
Агар дар ончи [аз ғаноиму фидяҳо] гирифтаед, ҳукми пешини илоҳӣ вуҷуд надошт [ва онро бароятон ҳалол накарда буд], ҳатман, азоби бузург ба шумо мерасид
Пас, [акнун] аз ончи ғанимат гирифтаед, ҳалолу покиза бихӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Эй паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло хайре дар дилҳоятон суроғ дошта бошад, беҳтар аз [фидя ва] ончиро, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо медиҳад ва шуморо меомурзад ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва [эй паёмбар] агар бихоҳанд ба ту хиёнат кунанд, пас, [бидон, ки] онон, ҳатман, пеш аз ин [низ] ба Аллоҳ таоло хиёнат кардаанд ва Аллоҳ таоло [туро] бар онон пирӯз намуд ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст
Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод намуданд ва касоне, ки [муҳоҷиронро] паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, инон [ҳама] дӯстони якдигаранд. Ва касоне, ки имон оварданд, ва [-ле аз сарзамини куфр] ҳиҷрат накарданд, шумо ҳеҷ дӯстӣ [ва пайванде] бо онон надоред, магар онки ҳиҷрат кунанд. Ва агар дар [кори] дин аз шумо ёрӣ хостанд, пас, бар шумост, ки [ононро] ёрӣ кунед, магар [инки ин ёрихоҳӣ] алайҳи гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онон паймоне барқарор аст. Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, биност
Ва касоне, ки куфр варзиданд, [онон низ] дӯстони якдигаранд. Агар [шумо муъминон ба ин супориш дар бораи дӯсту душман] амал накунед, фитна ва фасоди бузург дар замин барпо мегардад
Ва касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод карданд ва касоне, ки [ин муҳоҷиринро] паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, инон муъминони ҳақиқӣ ҳастанд. Барои онон [дар биҳишт] омурзиш ва рӯзии шоистае хоҳад буд
Ва касоне, ки пас аз онон имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва ба ҳамроҳи шумо [муъминон] ҷиҳод карданд, пас, онон [низ] аз шумо ҳастанд. Ва дар [ҳукми] китоби Аллоҳ таоло хешовандон [дар мерос] нисбат ба якдигар сазовортаранд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
Icon