ﯪ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки [ба он] амал намекунед?
Назди Аллоҳ таоло сахт нописанд [ва муҷиби хашм] аст, ки чизеро бигӯед, ки [ба он] амал намекунед.
Бе гумон, Аллоҳ таоло касонеро, ки чун бинои оҳанин саф баста [ва] дар роҳи Ӯ пайкор мекунанд, дӯст медорад
Ва [эй паёмбар, ба ёд овар] ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро озор [ва азият] мерасонед, дар ҳоле ки медонед, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯи шумо ҳастам?». Пас, чун онон [аз ҳақ] мунҳариф шуданд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро мунҳариф сохт; ва Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад.
Ва [ёдовар бош] ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: «Эй Бани Исроил, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи шумо ҳастам. Он чи аз Таврот, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва [низ] муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва номаш «Аҳмад» аст». Пас ҳангоме ки ӯ [Аҳмад] бо муъҷизаҳо [ва далоили равшан] ба сӯи онон омад, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкор аст».
Чи касе ситамгортар аз он касе аст, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бубандад, дар ҳоле ки ба [дини] ислом даъват мешавад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад.
Онҳо мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳони худ хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло комилкунандаи нури хеш аст; ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд.
Ӯст, ки паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд
Эй касоне, ки имон овардаед, оё [мехоҳед] шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад?
Ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин [кор] барои шумо беҳтар аст.
[Агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборон аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва дар хонаҳои покиза дар биҳишт ҷовидон [ҷой медиҳад]. Ин комёбии бузурге аст.
Ва [неъмати] дигаре, ки онро дӯст доред, [низ ба шумо иноят мефармояд, ки ҳамоно] ёрӣ аз сӯйи Аллоҳ таоло ва пирӯзии наздик аст; ва муъминонро [ба ин пирӯзӣ] башорат деҳ.
Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони [дини] Аллоҳ таоло бошед; ҳамон гуна ки Исо – писари Марям – ба ҳавориюн гуфт: «Чи касоне ёварони ман [дар даъват] ба сӯи Аллоҳ таоло ҳастанд?». Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем». Пас, гурӯҳе аз Бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Он гоҳ мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон неру [ва тавоноӣ] додем, ва саранҷом пирӯз шуданд