ترجمة معاني سورة لقمان باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.  Алиф, Лом, Мим.(1)
____________________
1. Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
2.  Ин оятҳои китоби Қуръон ҳикматомӯз аст.
3.   (Ин оятҳо барои некӯкороне, ки бо китоби Қуръон ва суннати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал мекунанд,) ҳидоят ва бахшоиш аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\124
4.  Онон, ки намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти фарзшударо ба мустаҳиқонаш медиҳанд ва онҳо ба охират боварии яқин доранд.
5.   Инҳо касонеанд, ки аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо дар дунёву охират наҷотёфтагонанд.
6.  Ва дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки харидори сухани беҳудаанд(1), то бе ягон донише мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд ва Қуръонро ба масхара гиранд. Барои он гурӯҳ азоби хоркунандааст.
____________________
1. Яъне, ҳар сухане, ки инсонро аз тоат ва ризогии Парвардигор бозмедорад.
7. Ва чун оёти Мо бар ӯ хонда шаванд, бо худписандӣ рӯй баргардонад ва такаббур кунад, чунон ки гӯё он оёти моро нашунидааст. Ё монанди касе, ки дар ҳарду гӯши вай вазнинӣ аст, ки чизеро намешунавад. Эй Паёмбар, ӯро ба азоби дардовари рӯзи қиёмат мужда деҳ!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\332
8. Ба дурустӣ, онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман барояшон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.
9.        Дар он ҷо дар ҷаннат ҷовидонаанд, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Ӯ дар амраш пирӯзманд ва дар тадбираш ҳакиму доно аст!
10.    Аллоҳ осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне офаридааст, ки мебинед ва бар рӯи замин кӯҳҳоро устувор бияфканд, то шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае (ҷондоре) дар он замин пароканда кардааст. Ва аз осмон об фуруд овардем ва дар он замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.
11.    Ҳар он чи ки шумо мебинед, ин офариниши Аллоҳ аст. Пас, ба Ман нишон диҳед эй мушрикон, касонеро аз маъбудони шумо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, ки чӣ чизеро офаридаанд? Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\286
12.    Ва албатта, ба Луқмон (бандаи солеҳ) ҳикмат(1) додем ва ба ӯ гуфтем: «Аллоҳро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, албатта, ба фоидаи худ шукр гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Аллоҳ аз шукргузории бандагонаш бениёз аст ва дар ҳама ҳол сутудааст!»(2)
____________________
1. Яъне, дониш дар дин ва ақли саломат ва сухани ҳақ. 2. Яъне, сазовори ситоиш аст.
13.    (Ва эй Расул, ёдовар шав) он гоҳ ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Аллоҳ ширк маёвар, ҳароина, ширк ситами бузургест.
14.    Одамиро дар бораи некӯӣ кардан ба падару модараш супориш кардем, модараш ӯро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар бардошт(1) ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар давоми ду сол аст. Ва супориш кардем, то ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст.
____________________
1. Яъне, то таваллуд карданаш рӯз то рӯз модараш беқувват мешавад.
15.    Эй фарзанди мӯъмин, агар он ду (падару модарат мушрик бошанд), талош кунанд, ки чизеро ба ҳақиқати он дониш надорӣ онро шарики ман қарор диҳӣ, аз он итоат макун. Дар дунё ба хубӣ бо онон рафтор кун ва худ роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба даргоҳи Ман тавба карда бозмегарданд. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам ва ҳар якеро ҷазои муносиб ҷазо хоҳам дод.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\139
16.    Луқмон гуфт: эй писараки ман! «Агар амали бад ё нек ба қадри як донаи хардал (сипандон ё ҳазориспанд) дар даруни санге ё дар бурҷи осмонҳо ё дар қаъри замин бошад, Аллоҳ таоло ҳатман рӯзи қиёмат ӯро меоварад, ки ҳароина, Ӯ ба амалҳои бандагонаш нозукбину огоҳ аст!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\648
17.    Эй писараки ман! Намозро бо тамоми аркон ва шартҳову воҷиботаш бигузор ва бо ҳикмат амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ азият бар ту расад, сабр кун, албатта, ин аз муҳимтарин корҳоест, ки бояд дар он устувор бошӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\142
18.    Ба такаббур аз мардум рӯй магардон, вақте ки бо ту сухан гӯянд ё бо онҳо сухан гӯй ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳароина, Аллоҳ ҳеҷ худситои фахркунандаро дӯст надорад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\289
19.    Ва дар роҳ рафтанат роҳи миёнаро пеша кун ва овозатро фуруд ор (паст кун), ҳамоно бадтарини овозҳо, овози харон аст.
20.    Эй мардум, оё надидаед, ки ба таҳқиқ Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин
аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чи ошкор монанди узви бадан ва чи пинҳон монанди ақл ба пуррагӣ бар шумо арзонӣ доштааст? Ва баъзе аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донишу роҳнамоӣ ва китоби равшане дар бораи Аллоҳ ҷидол мекунанд.
21.     Ва чун барои онҳое, ки дар ибодати ягонагии Аллоҳ ҷидол мекунанд, гуфта шавад: «Аз он чи Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «(На), балки мо аз чизе пайрвӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтем». Оё ҳатто агарчи шайтон онҳоро ба азоби оташи сӯзон даъват кунад, боз ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд?!(1).
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\347
22.     Ва ҳар касе некӯкорона рӯи хешро ба сӯй Аллоҳ таслим кунад, албатта, ба дастовези бисёр мустаҳкам чанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ аст! Пас, некӯкорро бар некӯиаш ва бадкорро бар бадиаш ҷазо хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\650
23.   Ва касе, ки кофир шудааст, куфраш туро эй Расул, ғамгин насозад, зеро вазифаи ту танҳо даъват кардани мардум ба сӯи ҳақ аст. Бозгашташон назди Мост. Пас, ба корҳое, ки дар дунё кардаанд, огоҳашон мекунем. Ҳароина, Аллоҳ ба он чи дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\347
24.    Онҳоро андаке дар ин дунёи фонӣ баҳраманд месозем, сипас рӯзи қиёмат онҳоро ба бечорагӣ ба азоби сахт мекашем.
25.   Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Ҳатман, мегӯянд: «Аллоҳ». Бигӯ эй Расули ман: «Ҳамаи ҳамду ситоиш хос барои Аллоҳ аст!» Вале бештари он мушрикон намедонанд ва андеша ҳам намекунанд, ки танҳо Аллоҳи барҳақ сазовори ҳамду ситоиш аст ва аз ин сабаб ба Аллоҳ шарик меоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\650
26.    Аз они Аллоҳ аст ҳама он чи дар осмонҳову замин вуҷуд дорад, пас сазовор нест, ки ғайри Ӯро парастиш карда
шавад ва ҳароина, Аллоҳ аз халқаш бениёз аст ва ба онҳо мӯҳтоҷ нест ва дар ҳама ҳол сутудааст!(1)
____________________
1. Яъне, дар ҳама ҳолат лоиқи ҳамду сипос аст.
27.   Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ранг шавад ва ҳафт дарёи дигар ба мададӣ ӯ биёянд
ва бо он қаламҳо суханони Аллоҳ навишта шавад ва қаламҳо шикаста шаванд ва рангҳо тамом шаванд, вале суханони Аллоҳ поён намеёбад. Ва албатта, Аллоҳ ғолиб аст бар касе, ки бар Ӯ шарик меорад ва ҳакиму доно аст дар тадбири кори халқаш!
28.   Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон рӯзи қиёмат танҳо монанди зинда кардани як тан аст. Албатта, Аллоҳ ба гуфтугӯи шумо шунаво аст ва ба амалҳои шумо биност!
29.   Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз соатҳои шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз соатҳои рӯз мекоҳаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро барои шумо ром сохт, ки ҳар як то замони муайяне дар ҳаракат аст? Ва албатта,
Аллоҳ ба корҳои неку баде, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад.
30.    Ин ҳама қудрату тавоноии Аллоҳ ба он сабаб аст, ки бояд бидонед, Аллоҳи якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ғайр аз Ӯ мехонанд ва ибодат мекунанд, ҳароина, ботил аст ва албатта, Аллоҳ баландмартабаву бузургвор аст.
31.    Оё надидаӣ эй бинанда, ки киштиҳо ба фазли Аллоҳ дар дарё равон мешаванд, то Аллоҳ баъзе аз нишонаҳои қудрати тавоноии худро ба шумо бинамоёнад? Ҳароина, дар ин кор барои мардуми сабркунандаи сипосгузор ибратҳост!
32.    Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, пас мушрикон Аллоҳро аз рӯи ихлос мехонанд ва ибодатро хоси Ӯ медонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, пас баъзе аз онҳо миёнарав ҳастанд(1) ва баъзеяшон кофир. Ва ғайр аз хиёнаткорон (нобакорон) оёти Моро ҳеҷ каси дигар инкор намекунанд.
____________________
1. Яъне, ба сурати комил шукри Аллоҳро ба ҷо намеоранд.
33. Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад,(1) ҳазар кунед. Ваъдаи Аллоҳ албатта, ҳақ аст, пас зиндагонии дунё шуморо фиреб надиҳад, то ки охиратро фаромӯш накунед ва низ шайтони фиребкор(2) ба карами Аллоҳ фиребатон насозад.
____________________
1. Яъне, фарзанде наметавонад некиҳои падарашро зиёд кунад, ё аз бадиҳояш кам кунад, ё ин ки ягон падаре наметавонад чунин корҳоро иҷро кунад. 2. Яъне, фиребкорҳое, ки аз инсу ҷин васваса мекунанд ва мефармоянд, ки Алдоҳ ҳар навъ гуноҳро мебахшад.
34. Ӯст, ки боронро меборонад ва аз он чи дар бачадони занҳои ҳомила аст, медонад. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чи чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, балки донистани ин умур аз хусусияти Аллоҳ аст. Ҳароина, Аллоҳ донову огоҳ аст ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\159