Ва чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Ва агар он гоҳ бубинӣ, ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сархам кардаанд ва мегӯянд: Эй Парвардигори мо, дидем амалҳои бадамонро ва шунидем он чиро, ки дар дунё Расулат бо мо мефармуд. Акнун моро бозгардон, ба дунё то кори шоистае кунем, ки инак, ба яқин расидаем ва он чиро, ки пеш дурӯғ мебаровардем, акнун ба он бовар дорем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\302
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\302
الترجمة الطاجيكية
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلۡمُجۡرِمُونَ نَاكِسُواْ رُءُوسِهِمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ رَبَّنَآ أَبۡصَرۡنَا وَسَمِعۡنَا فَٱرۡجِعۡنَا نَعۡمَلۡ صَٰلِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ
Туро ибрат аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ. Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон то коре шоиста кунем, ки инак ба яқин расидаем».
Tajik - Tajik translation