Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
5. Ва чун ба онҳо (мунофиқон) гуфта шавад, ки биёед, (тавба ва узрхоҳӣ кунед аз суханони баде, ки аз шумо сар задааст,) то паёмбари Аллоҳ бароятон омӯрзиш бихоҳад, (бо такаббур ва тамасхӯр) сар мепечанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки (аз суханони ту эй Расул) рӯй мегардонад ва кибр мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\864
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\864
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ يَسۡتَغۡفِرۡ لَكُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ لَوَّوۡاْ رُءُوسَهُمۡ وَرَأَيۡتَهُمۡ يَصُدُّونَ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ
Чун ба онҳо гуфта шавад, ки биёед, то паёмбари Худо бароятон бахшоиш бихоҳад, сар мепечанд. Мебинӣ, ки рӯйгардониву такаббурӣ мекунанд.
Tajik - Tajik translation