وَلَئِنۡ أَتَيۡتَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ بِكُلِّ ءَايَةٖ مَّا تَبِعُواْ قِبۡلَتَكَۚ وَمَآ أَنتَ بِتَابِعٖ قِبۡلَتَهُمۡۚ وَمَا بَعۡضُهُم بِتَابِعٖ قِبۡلَةَ بَعۡضٖۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ إِنَّكَ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Барои аҳли китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёвари, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайравӣ қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ паи хоҳишҳои эшон биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.


ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡرِفُونَهُۥ كَمَا يَعۡرِفُونَ أَبۡنَآءَهُمۡۖ وَإِنَّ فَرِيقٗا مِّنۡهُمۡ لَيَكۡتُمُونَ ٱلۡحَقَّ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ

Аҳли китоб ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, ӯро мешиносанд, вале гурӯҳе аз эшон дар айни огоҳӣ ҳақиқатро пинҳон медоранд.


ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ

Он чӣ аз ҷониби Худо бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст: шубҳа макун!


وَلِكُلّٖ وِجۡهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَاۖ فَٱسۡتَبِقُواْ ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ أَيۡنَ مَا تَكُونُواْ يَأۡتِ بِكُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

Ҳар касеро ҷонибест, ки ба он рӯй меоварад. Пас дар некӣ кардан бар якдигар пешӣ гиред. Ҳар ҷо, ки бошед, Худо шуморо ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!



الصفحة التالية
Icon