ٱلۡحَجُّ أَشۡهُرٞ مَّعۡلُومَٰتٞۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلۡحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي ٱلۡحَجِّۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يَعۡلَمۡهُ ٱللَّهُۗ وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيۡرَ ٱلزَّادِ ٱلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُونِ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Ҳар кӣ дар он моҳҳо ин фаризаро адо кунад, бояд, ки дар аснои он ҷимоъ накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва хусумат накунад. Ҳар кори неке, анҷом медиҳед, Худо аз он огоҳ аст. Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист, Эй хирадмандон, аз Ман битарсед!


لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡۚ فَإِذَآ أَفَضۡتُم مِّنۡ عَرَفَٰتٖ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ عِندَ ٱلۡمَشۡعَرِ ٱلۡحَرَامِۖ وَٱذۡكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمۡ وَإِن كُنتُم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ

Агар ба ҳангоми ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштаед, Худоро дар Машъарулҳаром ёд кунед: аз он рӯ ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будаед.


ثُمَّ أَفِيضُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَفَاضَ ٱلنَّاسُ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Сипас аз он ҷо, ки дигар мардум бозмегарданд, шумо низ бозгардед ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ки омурзанда ва меҳрубон аст!


فَإِذَا قَضَيۡتُم مَّنَٰسِكَكُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَذِكۡرِكُمۡ ءَابَآءَكُمۡ أَوۡ أَشَدَّ ذِكۡرٗاۗ فَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَمَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖ

Чун маносикатонро ба ҷой овардаед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед,--- ҳатто бештар аз он,----- Худойро ёд кунед. Баъзе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё чизе бахш». Инҳоро дар охират насибе нест.



الصفحة التالية
Icon