وَإِن طَلَّقۡتُمُوهُنَّ مِن قَبۡلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ وَقَدۡ فَرَضۡتُمۡ لَهُنَّ فَرِيضَةٗ فَنِصۡفُ مَا فَرَضۡتُمۡ إِلَّآ أَن يَعۡفُونَ أَوۡ يَعۡفُوَاْ ٱلَّذِي بِيَدِهِۦ عُقۡدَةُ ٱلنِّكَاحِۚ وَأَن تَعۡفُوٓاْ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۚ وَلَا تَنسَوُاْ ٱلۡفَضۡلَ بَيۡنَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

Агар барояшон маҳре муайян кардаед ва пеш аз наздикӣ талоқашон мегӯед, нисфи он чӣ муқаррар кардаед, бипардозед; магар он ки эшон худ ё касе, ки ақди никоҳ ба дасти ӯст, онро бубахшад. Ва бахшидани шумо ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва фазилатро миёни худ фаромӯш макунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!


حَٰفِظُواْ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلۡوُسۡطَىٰ وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ

Намозҳо ва намози миёнаро пос доред ва бо итоат барои Худо қиём кунед.


فَإِنۡ خِفۡتُمۡ فَرِجَالًا أَوۡ رُكۡبَانٗاۖ فَإِذَآ أَمِنتُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ

Ва агар аз душман бимнок будед, пиёда ё савора намоз кунед. Ва чун эмин шудед, Худоро ёд кунед, зеро ба шумо чизҳое омухт, ки намедонистед.


وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوۡنَ مِنكُمۡ وَيَذَرُونَ أَزۡوَٰجٗا وَصِيَّةٗ لِّأَزۡوَٰجِهِم مَّتَٰعًا إِلَى ٱلۡحَوۡلِ غَيۡرَ إِخۡرَاجٖۚ فَإِنۡ خَرَجۡنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِي مَا فَعَلۡنَ فِيٓ أَنفُسِهِنَّ مِن مَّعۡرُوفٖۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

Мардоне аз шумо, ки мемиранд ва заноне бар ҷой мегузоранд, бояд ки дар бораи занони худ васият кунанд, ки нафақаи онҳоро ба муддати як сол бидиҳанд ва аз хона берунашон накунанд. Пас агар худ хориҷ шаванд, бо нияти шоистае, ки барои худ мекунанд, гуноҳе бар шумо нест. Ва Худо ғолибу ҳаким аст.



الصفحة التالية
Icon