وَلَمَّا بَرَزُواْ لِجَالُوتَ وَجُنُودِهِۦ قَالُواْ رَبَّنَآ أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Чун бо Ҷолут ва сипоҳаш рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бидеҳу моро собитқадам гардон ва бар кофирон пирӯз соз!»


فَهَزَمُوهُم بِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَقَتَلَ دَاوُۥدُ جَالُوتَ وَءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلۡمُلۡكَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَعَلَّمَهُۥ مِمَّا يَشَآءُۗ وَلَوۡلَا دَفۡعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لَّفَسَدَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ ذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Пас ба хости Худо онҳоро бишикастанд ва Довуд Ҷолутро бикушт ва Худо ба ӯ подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмухт. Ва агар Худо баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, замин фасод мешуд, вале Худо бар ҷахониён фазлу карами хешро арзонӣ медорад.


تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتۡلُوهَا عَلَيۡكَ بِٱلۡحَقِّۚ وَإِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Ин аст оёти Худо, ки ба роста бар ту мехонем ва ту аз паёмбарон ҳастӣ!


۞تِلۡكَ ٱلرُّسُلُ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۘ مِّنۡهُم مَّن كَلَّمَ ٱللَّهُۖ وَرَفَعَ بَعۡضَهُمۡ دَرَجَٰتٖۚ وَءَاتَيۡنَا عِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَيَّدۡنَٰهُ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِۗ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلَ ٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ وَلَٰكِنِ ٱخۡتَلَفُواْ فَمِنۡهُم مَّنۡ ءَامَنَ وَمِنۡهُم مَّن كَفَرَۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلُواْ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ

Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте боло кард. Ва ба Исо бинни Марям; мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба рӯҳулқудус ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар куштор намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе мӯъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол (куштор) намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад.



الصفحة التالية
Icon