وَيَوۡمَ نَحۡشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةٖ فَوۡجٗا مِّمَّن يُكَذِّبُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُمۡ يُوزَعُونَ
Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, ҷамъ меоварем ва ононро ба саф биронанд,
حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُو قَالَ أَكَذَّبۡتُم بِـَٔايَٰتِي وَلَمۡ تُحِيطُواْ بِهَا عِلۡمًا أَمَّاذَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
то чун ба маҳшар бирасанд, гӯяд: «Оё шумо оёти Маро дурӯғ мебаровардед ва ҳол он, ки дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»
وَوَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِم بِمَا ظَلَمُواْ فَهُمۡ لَا يَنطِقُونَ
Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар шавад, бе он, ки ҳеҷ сухане бигӯянд.
أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِيَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта дар ин барои мӯъминон ибратҳост.
وَيَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَفَزِعَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۚ وَكُلٌّ أَتَوۡهُ دَٰخِرِينَ
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, ғайри он кас ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи Ӯ равон шаванд.