أَيَوَدُّ أَحَدُكُمۡ أَن تَكُونَ لَهُۥ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَابٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ لَهُۥ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَأَصَابَهُ ٱلۡكِبَرُ وَلَهُۥ ذُرِّيَّةٞ ضُعَفَآءُ فَأَصَابَهَآ إِعۡصَارٞ فِيهِ نَارٞ فَٱحۡتَرَقَتۡۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَتَفَكَّرُونَ

Оё аз миёни шумо касе ҳает, ки дӯст дошта бошад, ки ӯро бӯстоне аз хурмову ангур буда бошад ва ҷӯйҳо дар пои дарахтонаш ҷорӣ бошад ва ҳар гуна мевае диҳад ва худ пир шуда ва фарзандоне нотавон дошта бошад, ба ногоҳ, гирдбоде оташнок дар он бӯстон афтад ва бисӯзад? Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки бияндешед!


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا كَسَبۡتُمۡ وَمِمَّآ أَخۡرَجۡنَا لَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِۖ وَلَا تَيَمَّمُواْ ٱلۡخَبِيثَ مِنۡهُ تُنفِقُونَ وَلَسۡتُم بِـَٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغۡمِضُواْ فِيهِۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ

Эй касоне, ки имон овардаед, аз дастовардҳои некӯи хеш ва аз он чӣ бароятон аз замин рӯёнидем, харҷ кунед, на аз чизҳои нопоку бад, ки худ онҳоро ҷуз аз рӯи чашмпӯшӣ намеситонед. Ва бидонед, ки Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст.


ٱلشَّيۡطَٰنُ يَعِدُكُمُ ٱلۡفَقۡرَ وَيَأۡمُرُكُم بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ وَٱللَّهُ يَعِدُكُم مَّغۡفِرَةٗ مِّنۡهُ وَفَضۡلٗاۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ

Шайтон шумор аз бенавоӣ метарсонад ва ба корҳои зишт вомедорад, дар ҳоле ки Худо шуморо ба омурзиши хеш ва афзунӣ ваъда медиҳад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!



الصفحة التالية
Icon