Бар [афроди] нобино ва лангу бемор [ки аз таколифи иҷтимоӣ – ҳамчун ҷиҳод – маоф шудаанд] гуноҳе нест ва [ҳамчунин] бар худи шумо гуноҳе нест, ки аз хонаҳои худ [ё фарзандону ҳамсаронатон ғизое] бихӯред ё аз хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амуҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонае, ки калидаш дар ихтиёри шумост ё [аз хонаҳои] дӯстонатон. Бар шумо гуноҳе нест, ки дастаҷамъӣ ё ҷудогона [ғизо] бихӯред ва ҳангоме ки ба хонаҳо ворид мешавед, ба якдигар салом кунед, ки дуруде муборак [ва] писандида аз сӯйи Аллоҳ таоло аст. Аллоҳ таоло ин гуна оёти [хеш]-ро бароятон ба равшанӣ баён мекунад, бошад, ки биандешед