Аз дин ҳамонро барои шумо муқаррар кард, ки ба Нуҳ амр карда буд ва низ он чи ба ту ваҳй кардем ва он чи ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо амр кардем, ин ки: «Динро барпо нигоҳ доред ва дар мавриди он фирқа-фирқа нашавед [ва ихтилоф наварзед]». [Пазириши] Даъвати ту бар мушрикон гарон омадааст. Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад [тавфиқи ибодат медиҳад ва] ба сӯйи хеш бармегузинад ва ҳар киро [ки тавба кунад ва ба даргоҳаш] боз ояд, ба сӯйи хеш ҳидоят хоҳад кард