23.   Ва зани азизи Миср, ки Юсуф дар хонааш буд, аз ҳусни зебои ӯ мафтун шуда Юсуфро бо сухани нарму мулоим ба назди худ талаб кард. Ва дарҳоро басту гуфт: «Биё ба сӯи ман». Юсуф гуфт: «Паноҳ мебарам ба Аллоҳ, аз он чи ки маро ба он даъват кардӣ, ӯ (яъне, шавҳари ту) сарвари ман аст ва маро обрӯи баланд дода ва ахли ӯро нахоҳам хиёнат кард. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\33


الصفحة التالية
Icon