50. Ва подшоҳ ба муовинонаш гуфт: Таъбиркунандаи хоби маро аз зиндон озод кунед ва ӯро назди ман биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф ба ӯ гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳоли он заноне, ки дастҳои худро буриданд, чист?(1) Албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
____________________
1. Яъне, то ҳақиқат ба ҳама маълум шавад, ки Юсуф аз гуноҳ пок аст. Тафсири Ибни Касир 4\393