9. Эй уммати Муҳаммад, оё ба шумо нарасидааст хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд? Ҷуз Аллоҳ касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд, гуфтанд:
«Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\338