21.      Ва ҳама халоиқ аз зери қабрҳо берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳ ҳозир шаванд. Нотавонон (тобеъон) ба мутакаббирон (пешвоён) гӯянд: «Мо пайравони шумо будем. Оё акнун метавонед андаке аз азоби Аллоҳ аз
мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\424


الصفحة التالية
Icon