35.   Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем».(1) Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд
(ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)(2) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.
____________________
1. Ба монанди "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом". Тафсири Бағавӣ 5\18. Нигар ба сураи Моида, ояти 103 2. Тафсири Саъдӣ 1\440


الصفحة التالية
Icon