21.    Бад-ин сон мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ (яъне, зинда гардонидан баъди миронидан) рост аст ва ҳароина, дар вуқуъи қиёмат шубҳае нест.
Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд:
«Бар ғори онҳо биное бисозед, Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳтар аст».
Ва онон, ки бар амрашон ғолибтар шуда буданд,(1) гуфтанд: «Албатта, бар ғорашон масҷиде месозем».(2)
____________________
1. Яъне онҳое, ки соҳиби амру қувват буданд. Тафсири Саъдӣ. 1/473. 2. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам сохтани бино бар болои қабрҳо ё навиштани чизе болои онҳоро манъ кардаанд, зеро ин амал ғулув ва ҳаром аст.


الصفحة التالية
Icon