28.   Эй Паёмбар, сабр кун ҳамроҳ бо касоне (ёрони фақират), ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии
Ӯро меҷӯянд. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои зиндагии ин дунё аз инҳо ба сӯйи куффор гардад. Ва аз он ки дилашро аз зикри худ ғофилу бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун! (1)
____________________
1. Бузургони Макка ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Агар мисли Билолу Суҳайбу Аммор ғуломони пойлучро аз назди худ биронӣ, мо бо ту ҳамроҳ мешавем. Аллоҳ барои итоат накардан аз талабу хостаи кофирон, ояти мазкурро нозил кард. Тафсири Табарӣ. 18/7.


الصفحة التالية
Icon