19.    Ба дурустӣ дине, ки Аллоҳ онро барои худ писандидааст ва ба он паёмбарашро фиристодааст, Ислом (1) аст.
Ба ҷуз ислом дигар дин дар пешгоҳи Аллоҳ мақбул нест. Пас аз омадани ҳуҷҷат (омадани расулон ва нозил шудани китобҳо) аҳли китоб аз яхуду насоро миёни худ аз рӯи ҳасад ва саркашӣ бо якдигар ихтилоф карданд.
Ва ҳар кас, ки ба оёти Аллоҳ кофир шавад, бидонад, ки Аллоҳ зудшумор аст ба ҳисоби ҳар кас мерасад.
____________________
1. Сарфурӯ овардан ба Аллоҳ ба тоъат ва таслим шудан ба яктопарасти. Тафсири Саъдӣ 1\124


الصفحة التالية
Icon