25. Ва ба он касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, мужда деҳ, ки дар охират барояшон бустонҳоест ва қасрҳои олимартаба ва дарахтони сояафкан, ки зери онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ва ҳар гоҳ аз он ҷо аз меваҳои туногун рӯзӣ дода шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое дода шуда будем ва ҳар вақте ки аз он меваҳо чашиданд, таъм ва лаззати наверо ёфтанд, гарчанде ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза (1) доранд ва дар ҷаннат намемиранд ва аз он ҷо берун намешаванд ва он ҷо ҷовидона бошанд.
____________________
1. Тоза аз ифлосиҳои ҳисси; ба монанди бавл ва ҳайз ва пок аз ифлосиҳои маънавӣ; ба монанди дурӯғгӯӣ ва бадахлоқӣ. (Тафсири Саъдӣ. 1\46)