35.    Ба ёд ор эй Расул, қиссаи зани Имрон ва духтараш Марям ва Исо алайҳиссаломро; то ин ки ту рад намоӣ касонеро, ки даъво кардаанд, ки Исо Аллоҳ аст ё фарзанди Аллоҳ аст. Чун гуфт зани Имрон: Эй Парвардигори ман, он чи ки дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, (1) Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту танҳо шунавоӣ ба дуъои ман ва доноӣ ба нияти ман.
____________________
1. Яъне, назри ман чунин аст, ки фарзанде, ки аз ман ба дунё меояд, бояд аз кори ин ҷаҳон озод ва танҳо холис барои ту дар хидмати Байтулмуқаддас бошад. Тафсири Бағавӣ 2\29


الصفحة التالية
Icon