36. Чун фарзанди хешро ба дунё овард, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно ман духтар ба дунё овардаам ва назр кардам то он чиро, ки дар шикам дорам, ходими ибодатгоҳи ту қарор диҳам ва Аллоҳ ба он чӣ ки ӯ таваллуд карда буд, донотар аст. Аллоҳ қалби ӯро таскин дод ва назрашро пазируфт ва фармуд, ки писар монанди духтар нест. (Ва модари Марям гуфт:) Уро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/128