33. Ва дар хонаҳои худ бимонед, ба ҷуз барои ҳоҷати хеш берун наоед.
Ва чун дар ҷоҳилият (дар даврони пеш аз ислом) зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намозро пурра дар вақташ бигузоред ва закоти муқаррар кардаи шариатро бидиҳед ва аз Аллоҳу паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли байт,(1) ба таҳқиқ Аллоҳ мехоҳад палидию нопокиҳоро аз шумо дур кунад ва шуморо аз бадиҳо пок нигоҳ дорад.
____________________
1. Аҳли байт гуфта: занони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зурриёташон дар назар аст.