36. Ба ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминаро шоиста нест, ки чун Аллоҳу Паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад, ки онро кунанд ё на, модоме ки фармоиши Аллоҳ ва Расулаш бошад беихтиёр амал кардан ба он ҳатмист. Ҳар кӣ аз Аллоҳу Паёмбараш нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкор афтодааст.