73. Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд ва амал ба тоати Ӯ карданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва аз сабаби пок будани асари гуноҳонашон дарбонҳои биҳишт бо муждаҳо ва ҳурсандиҳо барояшон гӯянд: «Салом бар шумо, покиза будаед хуш бошед, пас ҷовидона ба он биҳишт дароед!