5.Наздик аст, ки осмонҳо ба хотири азамати Илоҳӣ болои якдигар дар ҳам бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва Ӯро таъзим менамоянд ва аз сифатҳои ношистае, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест, ба покӣ ёд мекунанд ва барои гуноҳони аҳли
имони сокинони замин омӯрзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ гуноҳони мӯъминонро омӯрзанда аст ва бо бандагонаш меҳрубон аст!