13.     Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем(1), ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед.
Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.(2)
____________________
1. Ин панҷ паёмбар аз соҳибони азимат ба ҳисоб мераванд ва аз ҳар ҷиҳат манзалаташон аз дигар паёмбарон бузургтаранд ва комилтарини инсонҳо ҳастанд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\754


الصفحة التالية
Icon