22.     Эй Расул, дар рӯзи қиёмат ситамкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ ба даст овардаанд дар дунё, аз амалҳои бади худ, тарсонанд. Ва албатта, хоҳу нохоҳ, чӣ битарсанд ва чӣ натарсанд ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон
фароҳам ҳаст. Ва ин фазлу бахшоиши бузургест, ки ҳеҷ чашме онро надида ва ҳеҷ гӯш онро нашунида ва ба хаёли ҳеҷ инсоне нагузаштааст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\757


الصفحة التالية
Icon