23.      Ин аст он чизе, ки Аллоҳ он гурӯҳ бандагонашро, ки дар дунё имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он неъматҳои фаровон мужда медиҳад. Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ, ки дар омадани қиёмат шак доранд: «Бар расонидани он чӣ ки ман шуморо даъват мекунам, музде аз шумо дархост намекунам, ҷуз дӯст доштани хешовандӣ, ки ба ҷой оваред». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Аллоҳ дар ҳаққи мутеъони хеш омурзандаву шукрпазир аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\199


الصفحة التالية
Icon