44. Ҳар киро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад,(1) аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт, ки ҳидояташро бар ӯҳда гирад ва ёриаш диҳад.
Ва золимонро мебинӣ, эй Расул, ки рӯзи қиёмат чун азобро бингаранд, ба Парвардигорашон мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ба сӯи дунё ҳаст, то фармони Туро ба ҷо орем?»(2)
____________________
1. Яъне, ба сабаби ситам карданаш Аллоҳ аз роҳи рост гумроҳаш кунад. 2. Тафсири Бағавӣ 7\199