47. Эй кофирон!, пеш аз он ки рӯзе қиёмат биёяд, ки аз ҷониби Аллоҳ бозгаште надорад, ба даъвати Парвардигоратон бо имону тоъат иҷобат намоед. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо дифоъе тавонад кард!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\199. Дар ин оят мазаммат аст барои касоне, ки кори некро ба таъхир мегузоранд ва низ водор менамояд ба ҳар амали солеҳе, ки барои банда арз мешавад, бишитобад.