10. 10. Ҳароина, онон, ки бо ту эй Паёмбар байъат (аҳд) мекунанд ба ҷанги душман, (дар Ҳудайбия), ҷуз ин нест ки бо Аллоҳ байъат мекунанд. Дасти Аллоҳ болои дастҳояшон аст (1). Пас ҳар кӣ он паймонро бишканад, албатта, бар зиёни худ паймон мешиканад. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Аллоҳ бастааст, вафо кунад (яъне сабр кунад дар муқобили душман дар роҳи Аллоҳ ва нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), пас ӯро музди некӯ (ҷаннат) диҳад.(2)
____________________
1. Яъне, Ӯ таъоло ҳамроҳи онон аст, суханҳояшонро мешушавад ва маконашонро мебинад. Тафсири Табарӣ 22/ 210 2. Дар ин оят исботи сифати дасти Аллоҳ омадааст, ки лоиқ ба бузургии Худаш мебошад, бе мисл ва монандӣ.