15.   (Эй Паёмбар, чун ба қасди ғаниматҳои ғазваи Хайбар равона шудед,) ба зудӣ барҷоймондагон(1) хоҳанд гуфт: Бигзоред моро то бо шумо равем (сӯӣ Хайбар). Мехоҳанд тағйир бидиҳанд ваъдаи Аллоҳро. Бигӯ ҳаргиз наравед бо мо (сӯи Хайбар): зеро Аллоҳ ба мо пеш аз омаданамон (ба сӯи Мадина,) гуфта буд, (ки ҳамоно ғаниматҳои Хайбар, аз они он шахест, ки дар Ҳудайбия иштирок кардааст.)(2) Пас (мунофиқон) хоҳанд гуфт: Не, Аллоҳ чунин амр накардааст шуморо, балки шумо ҳасаду бахили мекунед ба мо.(3)
Не! (воқеъан чунин нест), балки ҳақиқат ин аст, ки мунофиқон ба ҷуз андаке чизе дарёфтанӣ надоранд, чи чиз дар дин барояшон фоида меорад ва чи чиз зарар.
____________________
1. Аз ҷанг гурехтагони ақибнишин
2. Тафсири Табарӣ 22/215
3. То мо ҳам аз ғаниматҳо баҳраманд шавем. Тафсири Табарӣ 22/218


الصفحة التالية
Icon