16. Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг ба сӯи мардуми сахт нерӯманде даъват карда мешавед, ки бо онҳо меҷангед ё мусалмон
мешаванд. Пас агар итоъат кунед, Аллоҳ подоши некӯ (ҷаннат) хоҳад дод ва агар рӯй баргардонед аз ҷанг ҳамчуноне ки пеш аз ин ақибнишинӣ кардед (аз рафтан бо Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сӯи Макка,) шуморо ба азоби дардовар азоб мекунад». (1)
____________________
1. Яъне, бо ҳамроҳи Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Макка нарафтед. Тафсири Ибни Касир 7/339