17.   Эй мардум бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест (дар нарафтани ба ҷиҳод ҳамроҳи мӯъминон, аз сабабе, ки қудрату тавоноӣ надоранд). Ва ҳар кӣ аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он аз зери қасрҳояш дарёҳо равон аст. Ва ҳар кӣ аз итоъати Аллоҳу паёмбараш сар бартобад ва аз муқобилият бо душман ақибнишинӣ кунад, ба азоби дардовар азобаш мекунад.


الصفحة التالية
Icon