24.   Ва Ӯ Аллоҳ Зотест, ки боздошт дасти мушриконро аз зарар расонидан ба шумо (дар Ҳудайбия) ва дасти шуморо аз мушрикон дар даруни Макка (боздошт). Баъд аз он, ки ғолибу пирӯз сохт шуморо бар болои мушрикон. (1) Ва Аллоҳ бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
____________________
1. Яъне, ҳаштод нафар аз мушрикони Макка бо силоҳҳои худ дар Ҳудайбия бар Расулуллоҳ ва ёронаш фурӯд омаданд ва мехостанд, ки ногаҳон ҳамла оранд, вале асҳоби Расулуллоҳ дастгирашон карданд ва сипас озодашон карданд. Тафсири Табарӣ 22 \ 236


الصفحة التالية
Icon