25. Онҳо (куффори Макка) касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо (дар рӯзи Ҳудайбия) аз даромадани Масҷидулҳаром боздоштанд ва аз расидани қурбонӣ ба қурбонгоҳаш боздоштанд ва агар мардон ва занони мӯъмин дар Макка набуданд, ки шумо онҳоро намешиносед ва бими он набуд, ки онҳоро поймол ва ҳалок кунед, пас надониста аз куштани онҳо муртакиби гуноҳ шавед, то Аллоҳ ҳар касро бихоҳад дар раҳмати худ қарор диҳад. Агар мӯъминон ва кофирон дар Макка аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азоби дардовар азоб мекардем.