11. Аллоҳ дар бораи фарзандонатон шуморо фармон медиҳад, ки дар вақти тақсимоти мерос ҳиссаи як писар ба андозаи ҳиссаи ду духтар аст. Ва агар фарзандон ҳама духтар ва аз ду бештар буданд, аз се ду ҳиссаи "тарака" (1) моли онҳост. Ва агар фарзанд як духтар буд нисфи тарака
аз они ӯст. Ва агар мурда дорои фарзанд ва падар ва модар бошад ба ҳар як аз падару модар аз шаш як ҳисса тарака мерасад. Ва агар мурда фарзанд надошт ва вориси ӯ падару модараш буданд, саҳми модараш аз се як ҳиссаи тарака аст. Ва агар мурда бародароне дошта бошад, ба модараш аз шаш як ҳиссаи мерасад, (ҳамаи инҳо) пас аз анҷоми васияте аст, ки мурда ба он васият карда ва ё пас аз қарзҳое аст, ки бар гардани ӯст. Шумо намедонед, ки падаронатон ва фарзандонатон кадом яке дар нафъ расонидан ба шумо наздиктар аст. Ин ҳиссаи муайянкардашуда аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ доно ва бо ҳикмат аст.
____________________
1. Он чи майит гузоштааст, онро мерос мегӯянд.


الصفحة التالية
Icon