16. Ҳамчунин мардон ва занони шумо, ки муртакиби зино мешаванд, онҳоро сарзаниш ва айбҷӯӣ кунед ва бо амали задане, ки аз ин амали зишт бозашон дорад, биёзоред. (Бинобар ин ҳаргоҳ мардон муртакиби зино шаванд, мавриди азият ва озор қарор мегиранд ва занон зиндонӣ ва азият мешаванд. Пас зиндонӣ кардан, то замони фаро расидани марг аст ва озор расондан, то вақтест, ки фард тавба кунад ва ба ислоҳи худ бипардозад. Бинобар ин фармуд:) Ва агар тавба карданд ва ба ислоҳ пардохтанд, онҳоро раҳо кунед, ҳамоно Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст. (1)
____________________
1. Ин оят дар аввали ислом нозил шуда буд, пас ба ояти сураи Нур мансух гардид. Тафсири Саъдӣ 1 \ 171 ва Ибни Касир 2\235