23. Аллоҳ бар шумо ҳаром кардааст издивоҷ бо модаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва додарзодаҳоятон ва хоҳарзодаҳоятон ва модаронатон, ки ба шумо шир додаанд ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ ва модарони ҳамсаронатон ва духтарони занонатон, ки дар зери дасти шумо парвариш ёфтаанд ва бо модарҳояшон омезиш кардаед ва агар бо модарҳояшон омезиш накардаед, гуноҳе бар шумо нест ва ҳамсарони писаронатон, ки аз пушти шумо ҳастанд ва ҷамъи ду хоҳар бо ҳамдигар, магар он чи дар гузашта рӯй додааст, ҳамоно Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст. (Ин оёт дарбар мегирад издивоҷ кардан бо заноне, ки ба воситаи насаб, ширхорагӣ, хешовандӣ аз роҳи пайванди заношӯӣ ва ҷамъ кардан (бо ҳамдигар) ҳароманд) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/173


الصفحة التالية
Icon